ҶДММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон ба истеҳсоли дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмонӣ шурӯъ намуд

Октябрь 13, 2020 08:32

ДУШАНБЕ, 13.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар заминаи ҶДММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон коргоҳи нав бо васлу насби дастгоҳҳои ҳозиразамон оид ба истеҳсоли дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмонӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз бахши котиботи Вазорати саноат ва  технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур дар як шабонарӯз зиёда аз 25 ҳазор ҷуфт дастпӯшакҳои бофташудаи сохтмониро ташкил дода, сифати маҳсулот ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯ мебошад. Корхона омода аст, ки бо ширкатҳои сохтмонӣ ҷиҳати таъмини талабот бо дастпӯшакҳои  зикргардида ҳамкориро тақвият диҳад.

Дар ҷамъияти мазкур коргоҳи дӯзандагӣ бо истифода аз 50 дастгоҳи дарздӯзӣ фаъолият дошта, дӯхти либоси мактабӣ роҳандозӣ гардидааст. Ҳоло дар ҷамъият дар маҷмӯъ 80 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки ҶДММ «Ваҳдат» дар ноҳияи Ёвон соли 2014 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  фаъолият оғоз намуда, барои пешрафти соҳаи кешбофии (трикотажии) мамлакат саҳми назаррас дорад.

Октябрь 13, 2020 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд