ЭҲЁИ КОЛХОЗҲО, БОЛО БУРДАНИ СИННИ НАФАҚАИ ЗАНОНИ САРВАР… Ин ва дигар нуктаҳои барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби президентӣ Мироҷ Абдуллоев

Октябрь 8, 2020 14:45

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо манзили зист таъмин намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон яке аз масъалаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Мироҷ АБДУЛЛОЕВ ба ҳисоб меравад.

Тавре мавсуф зимни суҳбат ба хабарнигори  АМИТ  «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН иброз дошт, дар ҳолати  ба мансаби президентӣ интихоб гардидан ӯ ба ҷавонон тариқи қарзҳои ипотекӣ имтиёз медиҳад, то соҳиби хонаи шахсӣ гарданд. “Мо дар нақша гирифтаем, ки қарзҳоро бе фоиз ва ё бо фоизи паст  пешниҳод кунем, то ҷавонон соҳиби хона гарданд. Ба оилаҳо қарзҳои дарозмуддат дода мешаванд, то ҳар кадоме то соли 2030 хонаи шахсӣ дошта бошанд”,-мегӯяд сарвари коммунистони Тоҷикистон.

Ҳадаф аз эҳёи колхозҳоро ҳамсуҳбати мо ба он рабт дод, ки замин бояд самаранок ва коллективӣ истифода шавад. «Имрӯз қитъаҳое вомехӯранд, ки аз тарафи шаҳрвандон пурра истифода намешаванд. Истифода самараноки замин ба манфиати давлат ва ҷамъият аст»,-гуфт М. Абдуллоев.

Дар амал ҷорӣ намудани таълими бепул  ва хизматрасонии ройгони тандурустӣ ба аҳолӣ аз масъалаҳои меҳварии барномаи пешазинтихоботии номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Ҳамсуҳбати мо бар ин назар аст, ки зан дар сиёсат бояд синни муайян надошта бошад. «Занҳои сиёсатмадор ва сарвар дорои таҷрибаю дониши бой буда, мо синни нафақаи онҳоро то 65 боло мебарем»,-ваъда медиҳад номзад аз Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев.

Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон аз якчанд бахш иборат мебошад. Дар барнома ба самти иқтисодӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, дар он барои ба соҳаи кишоварзӣ додани бартарият ва имтиёзҳо, ҷорӣ намудани моликияти истисноии давлатӣ ба замин ва захираҳои табиӣ, ислоҳот дар сохторҳои қудратӣ,  эҳёи совхоз ва колхозҳо диққати махсус равона шудааст.

Октябрь 8, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон