Фирӯза Шарифӣ: «Фалак ормон, орзу, ишқ, муҳаббат ва ифодакунандаи розҳост»
ДУШАНБЕ, 09.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Рӯзи фалак, ки ҳамасола дар Тоҷикистон 10 октябр таҷлил мешавад, дар Кохи фарҳангии шаҳри Бохтар ҳамоиши идона доир гардид.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҳамоиш муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ аҳли ҳунар ва алоқамандони ин жанри мусиқии суннатиро шодбош гуфта, иброз намуд, ки дар сиёсати созандаю бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанг ҷойгоҳи хос дошта, зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
“Дар баробари рушди дигар жанрҳои адабӣ-бадеӣ ва фарҳангӣ фалак ва шашмақом ҳамчун мусиқии суннатӣ соҳибмақом буда, аз фарҳанги волои миллати тоҷик дар масири таърих дарак медиҳанд”,-афзуд ӯ.
«Фалак яъне ормон, орзу, ишқ, муҳаббат, ифодакунандаи розҳо буда, аз даврони хеле дур дар байни мардум маҳбубият дорад. Инсонҳо тавассути ин жанр рози худро ба воситаи навозиши асбоби миллӣ, аз ҷумла дутор, най, ҳамчунин тариқи шифоҳӣ баён менамоянд», — зикр намуд Ф. Шарифӣ.
Бо шарофати соҳибистиқлолии мамдакат дар баробари дигар арзишҳои миллию фарҳангӣ фалак ва шашмақом мақоми хосса касб карда, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб бо мақсади ҳифзи мероси бадеию фарҳангии халқ ва рушду такомули ҳунари фалаксароӣ ҳар сол 10 октябр Рӯзи фалак дар сар то сари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Таҷлили ин ҷашн рамзи арҷгузорӣ ба санъати волои миллӣ буда, дар пешрафти ин риштаи фарҳанг нақши шоиста мегузорад.
Дар анҷом ҳамоиши идонаро барномаи ҷолиби фарҳангии аҳли ҳунар ҳусну шукӯҳ бахшид.










Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






