Имрӯз дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни бонувон оғоз ёфт

Октябрь 6, 2020 16:03

ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 50-солагии Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Рухшона Тайгуншоева дар толори Муассисаи давлатии мактаби махсуси захираҳои олимпии №5-и шаҳри Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни бонувон оғоз  гардид. Дар мусобиқа 7 даста аз минтақаҳои гуногуни мамлакат ширакат намуда, баҳри ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ байни ҳам мубориза мебаранд. Дар ин бора аз  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, Федератсияи волейболи ҷумҳурӣ ва дигар намояндагони варзиши мамлакат сухан гуфта, нақши чунин мусобиқаҳоро дар ҷалби  бештари бонувон ба тарзи ҳаёти солим муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол миёни бонувон аз 6 то 9  октябр  идома карда, беҳтаринҳо қадрдонӣ карда мешаванд.

Мусобиқаи мазкур бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Федератсия волейболи мамлакат роҳандозӣ гардидааст.

Октябрь 6, 2020 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд