ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-2020. Дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ оғоз гардид

Октябрь 11, 2020 06:05

ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соати 6:00-и субҳи имрӯз ба вақти маҳаллӣ дар саросари Тоҷикистон интихоботи Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР ҶТ), тибқи Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мамлакат барои ташкил ва гузаронидани интихобот 68 ҳавзаи интихоботӣ ва 3375 участкаи интихоботӣ дар дохил ва 39 участкаи интихоботӣ дар хориҷи кишвар ташкил карда шудаанд.

КМИР ҶТ пас аз омӯзиши ҳаматарафаи ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи ҳизбҳои сиёсӣ бо қарорҳои дахлдори худ рӯйхати номзадҳоро аз  Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ба қайд гирифт. Ҳамин тариқ 5 номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бюллитини интихоботӣ ворид карда шуданд.

Участкаҳои интихоботӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ҷойгиранд, соати 20:00-и 11 октябр ба вақти маҳаллӣ баста мешаванд.

Тибқи иттилои КМИР 4 943289 нафар овоздиҳанда барои интихобот ба рӯйхат гирифта шудаанд. Интихобот дар сурате баргузоршуда ҳисобида мешавад, ки агар зиёда аз 50% интихобкунандагон ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд.

Беш аз 145 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз ташкилотҳои гуногуни байналмилалӣ интихоботро мушоҳида хоҳанд кард. Илова бар ин, интихоботро беш аз 267 нафар намояндагони васоити ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ инъикос мекунанд.

Натиҷаҳои пешакии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 24 соат пас аз анҷоми овоздиҳӣ ва натиҷаҳои ниҳоӣ на дертар аз ду ҳафта пас аз анҷоми интихобот эълон хоҳанд шуд.

Октябрь 11, 2020 06:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон