Исмон Хушбахтов, раиси ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, №45: «Интихобот дар шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланд ҷараён дорад»

Октябрь 11, 2020 10:58

ДУШАНБЕ, 11.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳавзаи интихоботии Кӯлоб,45 59 участкаи интихоботӣ, 648 аъзо ва 18 ҳазору 910 нафар овоздиҳандагон мавҷуд мебошанд, ки аз ин шумора 2 ҳазору 931 нафар бори аввал раъй медиҳанд. Дар ин бора раиси ҳавзаи интихоботии Кӯлоб,45 Исмон Хушбахтов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.

Раиси  ҳавзаи интихоботии Кӯлоб,№45 афзуд, ки интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст. Аз шумораи овоздиҳандагон 154 нафараш шахсони дорои имконияти маҳдуд мебошанд, ки барои онҳо  қуттии сайёр ташкил гардидааст

Дар ҳавзаи мазкур барои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити мусоиди овоздиҳӣ, аз ҷумла, дастурамалҳо, қуттиҳои овоздиҳӣ, ҳуҷраҳои махсус барои модару кӯдак, ҳуҷра барои табибон фароҳам оварда шудаанд.

Исмон Хушбахтов  зикр кард, ки бо назардошти  риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию эпидемикӣ дар шароити пандемия тамоми  участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихоботии Кӯлоб,№45 бо маводи антисептикӣ, ниқоб, либосҳои муҳофизатӣ ва дастгоҳҳои тиббии ҳароратсанҷ- тепловизорҳо таъмин  гардидаанд.

ДАР АКС: иштироки фаъоли шаҳрвандон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Акс аз АМИТ «Ховар»

Октябрь 11, 2020 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон