Истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар 9 моҳ дар Тоҷикистон ба 2,2 миллиард сомонӣ баробар аст
ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмони Тоҷикистон дар 9 моҳи соли 2020 ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ масолеҳ истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 128,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 10,4 % ро ташкил дод.
Тавре аз бахши котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин давра истеҳсоли семент ба 3237,1 ҳазор тонна, хишт 133,7 миллион дона, хишти сементӣ 55,6 миллион дона, газоблок 30,9 ҳазор метри мукааб, масолеҳи ғайримаъданӣ 1077,2 ҳазор метри мукааб ва бетони сохтмонӣ ба 313,4 ҳазор метри мукааб баробар шудааст.
Ҳаҷми содироти масолеҳ 45,7 миллион доллари ИМА ва ҳаҷми воридот 27,3 миллион долларро ташкил дод, ки содирот 18,4 миллион доллар зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми содирот аз ҳисоби фурӯши семент мебошад, ки маблағи он 45,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Қисми зиёди воридотро кошин, шиша, гаҷкартон ва маснуоти санитарӣ ташкил додааст.
Соли 2020 корхонаҳои шифербарории ҶДММ “Хизир Назар”-и шаҳри Гулистон, “Восеъ саноат”-и ноҳияи Восеъ, корхонаҳои коркарди қуму шағал ҶДММ “Дӯстии бародарон”, истеҳсоли хишт “Нури Ҳикмат” дар ноҳияи Рўдакӣ ва ҶДММ “Қуми Регар” дар шаҳри Турсунзода, ҶДММ “Ватан МКМ” дар ноҳияи Шаҳритуз ба фаъолият оғоз намуда, дар онҳо 84 ҷойи кории нав ташкил гардидааст.
Истеҳсоли семент
Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои семент 5,6 миллион тоннаро ташкил дода, аз 16 корхонаи хурду калон 15 адади он фаъолият карда, 1 корхона бо сабабҳои гуногун маҳсулот истеҳсол накардааст.
Дар 9 моҳи соли 2020 истеҳсоли семент ба 3237,1 ҳазор тонна расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 89,4 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ин миқдор 996,0 ҳазор тонна семент ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла ба Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон 562,0 ҳазор тонна, Афғонистон 391,0 ҳазор тонна ва Қирғизистон 43,0 ҳазор тонна содирот гардидааст. Ҳаҷми содиротгардида 31% ҳаҷми сементи дар ин давра истеҳсолгаридаро ташкил медиҳад.
Дар зиёд шудани истеҳсоли семент саҳми ҶДММ “Чунгтсай Моҳир семент”-и ноҳияи Ёвон 27,9 %, “Хуаксин Ғаюр семент”-и ноҳияи Ёвон 27,1%, “Хуаксин Ғаюр Суғд семент”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 26,7% ва “Сементи Тоҷик” 5,2 % назаррас мебошад.
Истеҳсоли шифер
Дар ҷумҳурӣ 10 корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият дошта, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 1258,8 ҳазор дона шифер ба маблағи 40,1 милион сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 442,8 ҳазор дона зиёд аст.
Дар ин сол 2 корхонаи нави шифербарорӣ- ҶДММ “Восеъ саноат” дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва ҶДММ “Хизир Назар” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифтанд.
Инчунин бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳи Бӯстони вилояти Суғд дар заминаи ҶДММ “Воситзода” коргоҳи истеҳсоли шиферҳои асбестӣ бо иқтидори солонаи 250 ҳазор дона ба фаъолият оғоз намуд. Шумораи коргарон 25 нафар ва музди миёнаи меҳнат ба 1100 сомонӣ баробар аст.
Бо назардошти фаъолияти мунтазами корхонаҳои мазкур истеҳсоли шифер зиёд гардида, воридоти он кам гашта истодааст.
Истеҳсоли қуму шағал
Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 200 корхонаи истеҳсоли қуму шағал фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 2104 нафар коргар кор мекунанд. Дар ин давра 1077,2 ҳазор метри мукааб қуму шағал истеҳсол шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 ҳазор метри мукааб зиёд аст.
Барои ба роҳ мондани фаъолияти мунтазам ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, барои боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тадбир андешида мешавад.
Истеҳсоли масолеҳи деворӣ
Шумораи умумии корхонаҳои истеҳсолкунандаи масолеҳи деворӣ (хиштбарорӣ) 129 ададро ташкил дода, дар онҳо 2406 нафар коргар кор мекунанд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 16, вилояти Суғд 48, ВМКБ 1, НТҶ 56 ва шаҳри Душанбе 6 корхона мавҷуд аст.
Аз ин миқдор 17 корхона бо сабаби кўҳнаю фарсуда шудани дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва надоштани иҷозатномаи истихроҷи хок фаъолият карда натавонистанд.
Дар нуҳ моҳи соли равон 133,7 миллион дона хишти сохтмонӣ, 55,6 миллион дона хишти сементӣ, 98,7 ҳазор метри мураббаъ хишти роҳрав ва 31 ҳазор метри мукааб газоблок истеҳсол шудааст.








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






