Изҳори миннатдории Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Россия дар Екатеринбург ба Консули генералии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 05.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар нотаи худ аз 2 октябри соли 2020 ба ҳайати кормандони Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан ба Консули генералӣ Зафар Саидзода изҳори миннатдорӣ намуд.
Тавре ки аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар доданд, дар санади мазкур, аз ҷумла, омадааст: «Дилсӯзӣ, касбият ва таъҷилияти фаъолияти шумо дар кори ташкили парвозҳои вобаста ба бозгардонидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Федератсияи Россия шароити мусоидро на танҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои кормандони мақомоти давлатии Федератсияи Россия ҷиҳати иҷрои вазифаҳои худ дар фазои роҳати корӣ фароҳам сохт”.
Намояндагӣ инчунин дар кори ташкили парвозҳои бозгардонии шаҳрвандони Федератсияи Россия аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавонистанд ба ватани худ ба назди хешовандон ва дӯстонашон баргарданд, мусоидат намуд.








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






