Кишоварзони ноҳияи Ҳамадонӣ нақшаи ҷамъоварии пахтаро беш аз 100 фоиз иҷро намуданд
ДУШАНБЕ, 31.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон то 30 октябр 13158,8 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки ин баробари 100,01 фоизи иҷрои дурнамои тасдиқгардида мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 22,4 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабар медиҳад.
Имсол хоҷагиҳои ноҳияи Ҳамадонӣ дар майдони 5874 гектар кишти пахта гузарониданд. Аз майдони умумии кишти ин навъи зироат тибқи дурнамо мебоист 13 158 тонна пахта истеҳсол карда мешуд. Иҷрои нақшаро ҷамоатҳои деҳоти Қаҳрамон 100,09 фоиз, Меҳнатобод 100,16 фоиз, Даштигуло 100.25 фоиз, Панҷрӯд 100.01 фоиз, Чубек 100.17 фоиз ва Панҷоб 100.02 таъмин намуданд.
Дар ин шабу рӯз кишоварзон бо истифода аз обу ҳавои мусоид барои пурра ҷамъоварӣ намудани пахтаи боқимонда ва супоридани он ба корхонаҳо тамоми имконоти мавҷударо истифода менамоянд.








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






