«Мактаб-интернати тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов» баъд аз таъмир мавриди истифода қарор дода шуд
ДУШАНБЕ, 15.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз баъд аз таъмири ҷорӣ Муассисаи давлатии таҳсилоти «Мактаб-интернати тамоюли варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар маросими мазкур Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшо Абдуллозода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ризо Назарзода ва масъулони соҳаи варзиш ширкат намуданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бино гуфта шуд, ки мактаб-интернати варзишӣ беҳтарин чеҳраҳои варзишии ҷумҳуриро тарбия намудааст. Хусусан чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров, ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ Расул Боқиев ва Мавзуна Чориева дастпарварони ҳамин мактаб-интернат ҳастанд.
Инчунин шогирдони ин даргоҳ дар чемпионатҳои ҷумҳурӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш миёни наврасон ҳамеша пешсаф мебошанд.
Дар доираи корҳои таъмирӣ толорҳои варзишӣ барои намудҳои гӯштини миллӣ, гӯштини юнонӣ-римӣ, ҷудо, бокс, самбо, ҳаммом, утоқҳои кории мураббиён, ошхона, боми бино ва намои беруни бино навсозӣ шуданд.
Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Ризо Назарзода иброз дошт, ки иқдоми мазкур идомаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар самти бунёду навсозии иншооти варзишӣ, дастгирии варзишгарон ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад.
«Чанд соли охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба хотири ба варзиш ҷалб кардани насли наврасу ҷавон даҳҳо иншооти варзишӣ ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ давоми се соли охир садҳо иншооти варзишии хурду бузург бунёд шуданд, ки пойтахти мамлакат имрӯзҳо ба шаҳри варзишӣ, макони мусобиқаҳои бузурги варзишии сатҳи байналмилалӣ табдил ёфтааст»,- гуфт Ризо Назарзода.
Таъмири мактаб-интернат натиҷаи ҳамкории судманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад. Соли 2015 президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот сохтмони иншооти варзишӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон мувофиқа гардид.
Ҷиҳати иҷрои бандҳои санади мулоқот роҳбарони Кумита бо Томас Бах ва масъулони Кумитаи байналмилалии олимпӣ корбарӣ намуда, дар ҷумҳурӣ чандин иншооти варзишӣ сохта, мактабҳои варзиширо бо лавозимоти соҳавӣ таъмин карданд. Дар доираи ин ҳамкорӣ моҳи октябри соли 2019 Кумитаи байналмилалии олимпӣ лоиҳаро барои таъмири иншооти варзишӣ дар доираи сад ҳазор доллари амрикоӣ тасдиқ намуд ва бо дастури Пешвои миллат он ҷиҳати таъмир ва фароҳам овардани шароит барои дастпарварони мактаб-интернати варзишӣ дар ҷумҳурӣ, воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе равона гардид.
Ёдовар мешавем, ки мактаб-интернати варзишӣ соли 1972 таъсис ёфта, имрӯз дар он 350 наврас аз тамоми ҷумҳурӣ ба таълиму тамрин фаро гирифта шудаанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






