Меҳргон — иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат ва натиҷаи заҳмати барзгарон
ДУШАНБЕ, 18.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иди Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми мо маҳсуб ёфта, ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, натиҷаи заҳмати барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил онро таҷлил мекардаанд. Ин матлабро ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Нуралӣ Шоҳиён дар ҳамоиши тантанавие, ки ба ифтихори Иди Меҳрон дар саҳни донишгоҳи мазкур сурат гирифт, изҳор дошт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» масъулини донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Зикр шуд, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иду ҷашнвораҳои миллии тоҷикон аз нав эҳё гаштаву дар байни мардум таҷлил мешаванд. Доир ба ҷашни Меҳргон низ Пешвои миллат назари некбинона дошта, онро куҳантарин ҷашни миллии мо медонанд ва ба арзишҳои он эҳтироми хосса изҳор менамоянд.
“Дар ҳамин асос ҷашни мазкур аз нав эҳё шуда, доир кардани он ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст”- иброз дошт ректори Донишгоҳи давлатии Данғара ва илова намуд, ки яке аз унсурҳои ин ҷашн аз он иборат аст, ки мардум бо шукрона аз баракати ҳосили ҷамъовардаашон либосҳои шинаму тоза ба бар карда, шодию хурсандӣ менамуданд. Онҳо дар ин ҷашн умеду шодӣ мекарданд, ки соли оянда ҳосил боз ҳам фаровон шавад ва дастархони мардум аз маҳсулоти кишоварзӣ фаровон гардад. Инчунин ба ин восита ғубори заҳмати кашидаи худро аз дил мебароварданд”.








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






