НАФАҚАИ БАЛАНД, МЕТРО ДАР ДУШАНБЕ, ҒИЗОИ КӮДАКОН. Абдуҳалим Ғаффоров, номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, дар барномаи пешазинтихоботии худ чунин ваъда додааст

Октябрь 8, 2020 11:54

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зани тоҷик дар тарбияи фарзандон саҳми бениҳоят калон дорад. Бинобар ин, агар ман ба мансаби президент интихоб шавам, модаронеро, ки 5 фарзандро тарбия карда, ба воя мерасонанд, бо нафақаи баланд таъмин хоҳам кард. Ин ваъдаро номзад аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим ҒАФФОРОВ зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ баён дошт.

Масъалаи  дигаре, ки дар барномаи пешазинтихоботии Абдуҳалим Ғаффоров оварда шудааст, ин омода кардани мутахассисони соҳаҳои муҳим мебошад. Ӯ мегӯяд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ба ин самт бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд ва   мутахассисони ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир тайёр кард.

Дар мавриди ободиву пешрафти пойтахти мамлакат Абдуҳалим Ғаффоров гуфт, ки мувофиқи талаботи замон бояд дар шаҳри Душанбе метрои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ сохта шавад. Зеро, ба ақидаи ӯ,  аҳолии пойтахт аз ҳадди як миллион нафар убур кардааст ва танбашавии нақлиёт низ дар роҳҳо зиёд ба чашм мерасад.

Бо  бозиҳои гуногун рушд ва такомул додани зеҳни кӯдакон яке аз масъалаҳои асосии барномаи пешазинтихоботии Абдуҳалим Ғаффоров мебошад. Мавсуф бар ин назар аст, ки бояд ба системаи маориф низ диққати махсус дода шавад, “зеро маориф дар рушди ояндаи ҷомеа  нақши ҷиддӣ  дорад”. “Ман кӯшиш менамоям, ки хонандагони синфҳои ибтидоиро бо ғизо таъмин намоям. Инчунин  методҳои таълими хонандагони синфҳои ибтидоӣ такмил мехоҳанд”,- мегӯяд А. Ғаффоров.

Муҳофизат кардани ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар барномаи номзади мазкур аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ аз мадди назар дур намондааст. Номбурда чунин меҳисобад, ки “муҳоҷири меҳнатӣ, пеш аз ҳама, бояд касби хуб дошта бошад, забон ва урфу одат, қонунгузории кишвари иқоматро  нағз донад”. Инчунин Ғаффров нақша дорад, ки  корхонаҳои саноатӣ бунёд карда, муҳоҷиронро барои кор ҷалб кунад. “Мо метавонем барои рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷалби муҳоҷирон ба онҳо заминҳои бекорхобидаро тақсим намоем”,-мегӯяд ӯ.

Ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дигар масъалаи барномаи пешазинтихоботии ин номзад аст. Дар ин самт ҳам якчанд нақшаҳо тарҳрезӣ ва ҳавасмандгардониҳо пешбинӣ шудаанд. «Ваъдаи ман ба даъватшудагон зиндагии аз ин ҳам  беҳтар мебошад»,-изҳор менамояд А. Ғаффоров.

Ёдовар мешавем, ки 14 сентябри соли 2020 Абдуҳалим Ғаффоров ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

 

Октябрь 8, 2020 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон