Нахустҷаласаи ситоди корӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат баргузор гардид

Октябрь 28, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  27 октябр бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода нахустин ҷаласаи васеи Ситоди кории назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли  аҳолӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат дар ҷумҳурӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, раисони ситодҳои доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд,  дар кори ҷаласа  масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин бартарафсозии қарздорӣ аз музди меҳнат  мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода иброз намуд, ки масъалаҳои тақвияти сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла сари вақт пардохт намудани музди меҳнати кормандони соҳаҳои иқтисоди ҷумҳурӣ таҳти назорати доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳҳои январ – августи соли равон музди меҳнати миёнаи номиналии кормандони ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ 1341,36 сомониро ташкил дода, нисбат  ба ҳамин давраи соли гузашта (1328,02 сомонӣ) 1,0 фоиз афзудааст. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд аз 1176,08 сомонӣ то 1197,14  сомонӣ (1,8 фоиз), дар вилояти Хатлон мувофиқан аз 1008,96 сомонӣ то 1010,03 сомонӣ (0,1 фоиз), дар НТҶ аз 1109,03 сомонӣ то 1133,04 сомонӣ (2,1 фоиз), дар ВМКБ аз 1181,61 сомонӣ то 1268,07 сомонӣ (7,3 фоиз) зиёд гардидааст.

Новобаста аз кӯшишҳо ва тадбирҳои андешидаи вазорат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо ҳолатҳои сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони ташкилоти алоҳида мушоҳида карда мешавад, ки ин ташвишовар аст.

Дар робита ба ин ва бо мақсади иҷрои супориш аз Протоколи маҷлиси Раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 сентябри соли 2020 ҷиҳати сари вақт пардохт намудани музди меҳнат ва пешгирию бартарафсозии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди корӣ таъсис дода шудааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 марти соли 2014, вазорат дар самти идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, аз ҷумла назорати пардохти саривақтии музди меҳнат ваколатдор буда, фаъолияти вазорату идораҳоро дар ин самт ҳамоҳанг месозад. Аз ин рӯ, ҳангоми зарурат аз вазорату идораҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта вобаста ба пардохти музди меҳнат  маълумот талаб карда мешавад, ки вазорату идораҳо бояд дар ин самт ҳамкорӣ намоянд.

Ҳамчуинин дар Созишномаи генералии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 -2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1  марти 2018 тасдиқ шудааст, вазорат дар ҳамдастӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони иҷтимоӣ муваззаф гардидааст, ки назорати давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз рўи пардохти саривақтии музди меҳнат дар ташкилоту муассисаҳоро новобаста аз шакли моликият таъмин намояд. Вобаста ба ин, кори ситодҳои доимоамалкунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат зери назорати қатъӣ гирифта ва аз ситодҳо талаб карда мешавад, ки ҷаласаҳои ситодҳоро мунтаззам  баргузор намуда, ҳар се моҳ аз натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ба Ситоди назди вазорат маълумот пешниҳод намоянд.

Тазаккур бояд дод, ки дар ҷаласаи Ситоди корӣ намояндагони Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, аъзои ситоди кории назди вазорат, намояндагони вазорату идораҳо, раисони ситодҳои кории доимоамалкунандаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба бартарафсозиии қарздории музди меҳнат ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ширкат доштанд.

Дар ҷамъбасти ҷаласа  намояндагони Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи иттифоқҳои мустақили касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тақвияти ҳамкорӣ дар ин самт ибрози назар намуданд.

 

Октябрь 28, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ҳамоиш баргузор шуд
Сокинони деҳаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон бо неруи барқ таъмин карда шуданд ‎
Беш аз 1500 нафар аз шаҳри Душанбе дар асоси иҷрои Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба озодӣ баромаданд
Дар ноҳияи Шаҳринав ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар беморхонаи марказии ноҳияи Дӯстӣ шуъбаи бемориҳои сироятӣ сохта мешавад
Дар Муъминобод барои дастгирии занони ҳунарманд Маркази «Чирадаст» таъсис дода шуд