ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Октябрь 27, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 27.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  23-24 октябр дар ҷумҳурӣ номусоидии вазъи обу ҳаво дар назар аст. Дар бештари ноҳияҳо асосан ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф пешгӯӣ мешавад. Инчунин дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои водибуда пастшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19  дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 9-14 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бо шиддатнокии то 10+15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 3 дараҷа  хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 21+26  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйиёбандаи бебориш пешбинӣ  шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 15+20 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 3+5 ва  рӯзона 21+23 дараҷа  гарм мешавад.

Октябрь 27, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади омӯзиши нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд