Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои 10-ошёнаи истиқоматиро бо коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ дар шаҳри Ваҳдат ифтитоҳ намуданд

Октябрь 8, 2020 08:14

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

Пешвои миллатро сокинони шарафманду меҳнатқарини шаҳр гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бинои истиқоматии 10-ошёнаро, ки бо тарҳи зебову муосир бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Бинои муҳташами истиқоматӣ, ки аз 54 ҳуҷраи барҳаво иборат аст, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдусамад Нарзиқулов бунёд гардидааст.

Дар ошёнаи якуми бинои хуштарҳу замонавӣ коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши армуғон, матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд буда, мағозаи хӯрокворӣ низ ҷойгир мебошад.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ занону бонувони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Техникаю таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои кишварҳои пешрафтаи дунё буда, барои дӯхти босифати сару либоси гуногун пешбинӣ шудааст.

Бо бунёд гардидани сехи дӯзандагӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ  дар маркази шаҳри  Ваҳдат  зиёда аз 30 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфта, сокинон бо маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи декабри соли 2018 бо ҷалби зиёда аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, дар муддати ду сол ба анҷом расидааст.

Атрофи иншоот дар масоҳати 750 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст. Дар шафати бинои истиқоматӣ майдончаи бозии кӯдакона сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои ташкили коргоҳҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос карданд.

Ифтитоҳи бинои 10-ошёнаи истиқоматӣ бо коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ дар шаҳри Ваҳдат 08.10.2020

Октябрь 8, 2020 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад