Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо корҳо дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ 3 ва СТ 4-и НБО «Роғун» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 14.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” аз дидбонгоҳи кони рақами 17 ҷараёни корҳоро дар баромадгоҳи нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дидан карданд.
Нақбҳои сохтмонии СТ-3 ва СТ-4 дар давраҳои серобӣ барои гузаронидани об аз сатҳҳои зарурӣ пешбинӣ шудаанд.
Тарҳи иншоот аз тарафи институтҳои лоиҳакашии “Гидропроэкт”, “Эфрӣ” (AFRY) Поири Швейтсария ва Ширкати лоиҳакашии “Тоно энержи байналмилал” мураттаб гаштааст.
Имрӯз бунёдгарони ин Кохи нур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрои корҳоро дар ҳама қитъаҳои сохтмонӣ вусъат бахшида, ба хотири рушди устувори Ватани маҳбуб азму талош ба харҷ медиҳанд.
Дар бунёди баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 чор ширкати ватанӣ, аз ҷумла ҶДММ “Вахш Сохтмон”, ҶСК “Тоҷикгидромонтаж”, ҶСП “ЗТМ” ва ҶДММ “Гушикай ЛТД” ҷалб гардидаанд, ки дар онҳо садҳо нафар мутахассисони корозмуда ва дорои таҷрибаи баланди касбӣ фаъолият мекунанд.
Айни замон корҳои хокбардорӣ ва мустаҳкамкунии нишебиҳо аз тарафи пудратчиҳо ҷараён доранд.
Дар баромадгоҳи нақби сохтмонии СТ-3 корҳои заминӣ ва мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ идома доранд.
То ин давра зиёда аз 4,3 млн. метри мукааб корҳои заминӣ, 233 ҳазор метри мураббаъ корҳои бетонхобонӣ, 99,8 ҳазор метр гузоштани анкерҳои ПНА ва дар масоҳати 168 ҳазор метри мураббаъ пошидани маҳлулҳои бетонӣ иҷро гардидааст.
Дар мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ кор марҳила ба марҳила сурат гирифта, ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст. Сифати корҳои сохтмонӣ мавриди таваҷҷуҳи мутахассисони озмоишгоҳ қарор дорад.
Таваҷҷуҳи махсус ва назорати бевоситаву дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар иншооти тақдирсози аср-НБО “Роғун” сабаб гардидааст, ки кор дар асоси нақша ва аз рӯйи лоиҳаи тасдиқгардида идома ёбад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






