«Прокуратураи Суғд, қариб 200 миллион сомонӣ зарар барқарор шуд», «Меҳргон, ҷашне пур аз файзу сахо»,- шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 15.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи мазкур рӯзи 11 октябри соли 2020, сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва боздид аз шаҳри Ваҳдат, Саразм- сарахбори тамаддуни ориёӣ, ҷараёни корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус аз ҷумлаи муҳимтарин маводи матбуоти даврии Тоҷикистон мебошанд, ки давоми ҳафтаи сипаригардида ба нашр расиданд.
Шарҳи мухтасари хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора.
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи №201 — 202 (24 057) душанбе, аз 12 октябр таҳти унвони «Тоҷикистон ва ҷилои арзишҳои демократӣ ё интихоботе, ки дар рӯҳияи озод ва намунавӣ гузашт» гузориши махсус ба нашр расонидааст, ки дар он хабарнигорони рӯзнома ҷараёни маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Душанбе, вилояти Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ пайгирӣ намудаанд.
«Рафти баргузории интихоботро 37 нафар хабарнигорони расонаҳои бонуфузи хориҷӣ ва 267 намояндаи ВАО-и дохилӣ лаҳза ба лаҳза дар расонаҳои худ инъикос карданд. Дар ҳамин ҳол, аксари расонаҳои хабарии ҷаҳон, ки ба раванди интихоботи баргузоршуда мутаваҷҷеҳ шуданд, ба маъракаи муҳими сиёсӣ баҳои мусбат дода, онро озоду демократӣ арзёбӣ карданд»,- чунин нигоштаанд хабарнигорони рӯзнома.
Хонандагони «Ҷумҳурият» имкон доранд, ки дар ин нашри рӯзнома оид ба Саразм ва иншооти сайёҳӣ, ки имрӯз дар Панҷакент бунёд гардидаанд ва дигар масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, байналхалқӣ ва фарҳангию гуманитарӣ маводи сершумор мутолиа намоянд.
Дар саҳифаи аввали «Ҷумҳурият» №203 (24 058), сешанбе, аз 13 октябр таҳти унвони «Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номаҳои табрикотии ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ воридгардида нашр шудаанд.
Дар шумораи навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» №204 (24 059), чоршанбе, аз 14 октябр таҳти унвони «Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Роғун», «Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Наҷотбахш, ки рамзи сулҳу саодати миллат аст», «Бачаи обӣ» рӯи экран мебарояд», «Прокуратураи Суғд, қариб 200 миллион сомонӣ зарар барқарор шуд», «Меҳргон, ҷашне пур аз файзу сахо», «Хиёнат» парда аз рӯи хоинон бардошт» матолиб ва дигар хабару гузоришҳо нашр шудаанд.
Дар маводи «Меҳргон, ҷашне пур аз файзу сахо» муаллифон Шарофиддин Кароматов ва Ёқубҷон Уроқов, кормандони Маркази миллии захираҳои генетикии АИ КТ чунин нигоштаанд:
«Истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон барои эҳёи расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла Меҳргон марҳилаи тоза касб намуд. Бо қарори Ҳукумати мамлакат Меҳргон дар ҷумҳурӣ ҳамчун иди миллӣ эътироф гардида, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати ба худ хос дар саросари давлат ҷашн гирифта мешавад…»
Нашрияи расмии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Садои мардум» дар шумораи нашри рӯзи сешанбе, №127 (4233) аз 13 октябр оид ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2020, вохӯрии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ, мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нозирони байналмилалӣ, тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ мақолаҳо ба нашр расонидааст.
Хонандагони нашрия метавонанд дар ин шумора оид ба тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодӣ, ки мувофиқи он минбаъд муҳокимаи судии парванда наметавонад аз се маротиба зиёд мавқуф гузошта шавад, инчунин назари вакилонро доир ба ин тағйиру иловаҳо маълумоти муфассал дарёфт намоянд.
Нашрияи расмии русзабони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Народная газета» аз 14 октябр, №43, дар саҳифаи аввал мавод оид ба иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Лидер нации Эмомали Рахмон принял участие в выборах Президента Республики Таджикистан» нашр кардааст. Инчунин гуфтугӯи телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Президенти Ҷумҳурии Баларус ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нашр гардидааст.
Дар маводи «Благодарность Главы государства народу Таджикистана»- сипосгузории Пешвои миллат ба мардуми Тоҷикистон барои фаъолона иштирок намуданашон дар интихоботи Президенти Тоҷикистон ва тарафдорию боварӣ ба номзадии Эмомалӣ Раҳмон нашр шудааст. Инчунин дар маводи «Миссия наблюдателей СНГ: выборы Президента Республики Таджикистан прошли демократично и открыто» ва «Выборы Президента Республики Таджикистан были свободными и легитимными –Миссия ШОС» хулосаҳои намояндагони ИДМ ва СҲШ аз натиҷаҳои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд.
Дар ин шумора бахшида ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Народ выбирает достойного кандидата», «Процесс голосования на выборах Перезидента Таджикистана за рубежом», «Избирательным правом воспользовались все», «Выборы состоялись на высоком уровне», «Жители Хатлонской области активно участвовали в выборах», «Согд: выборы Президента страны прошли организовано», «Бадахшан сделал свой выбор» чоп гардидаанд. Дар ин мавод ҷараёни интихоботи Президенти Тоҷикистон дар участкаҳои интихоботӣ ва минтақаҳои мамлакат инъикос гардидааст. Ҳамчунин хонандагон метавонанд дар ин шумораи рӯзнома оид ба фаъолияти Парлумон, соҳаи тандурустӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, хоҷагӣ, пойтахт ва минтақаҳо, 75-солагии Ғалаба ва варзиш маълумот пайдо намоянд.
«Минбари халқ»- нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи 42, чоршанбе, аз 14 октябри соли равон хабару гузоришҳоро аз маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 октябри соли 2020, сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат интишор намудааст.
Ҳамчунин дар ин шумораи «Минбари халқ» мақолаҳо таҳти унвони «Интихоботи Презиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои идона дошт», «Мулоқоти роҳбарияти ҲХДТ бо ҳайати мушоҳидони Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ», «Барои фардои нек замина мегузорем», «Меҳргон- иди ҳосилот», «Дар Роҳатӣ барои суботу шукуфоӣ овоз доданд», «Андешаҳои ҷаҳонсозии Пешвои миллат» дигар матолиб чоп гардидаанд.
«Мароми пойтахт»- нашрияи Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар шумораи 37, чоршанбе, аз 14 октябри соли равон дар радифи нашри хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҲХДТ дар пойтахт ҳамчунин оид ба баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи зиёд интишор намудааст.
Хонандагони «Мароми пойтахт» ҳамзамон имкон доранд аз саҳифаҳои рӯзномаи ҳизбии шаҳрӣ мақолаҳоро таҳти унвони «Номзади ҲХДТ пирӯз шуд», «Даҳ дастоварди бунёдии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлати тоҷикон», «Сайёҳӣ: Дурнамои рушд ва роҳҳои таҳкимбахши он» ва дигар хабару гузоришҳо мутолиа намоянд.
Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»