Раисони ҳавзаҳои интихоботӣ: Ҳавзаҳо ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омодаанд

Октябрь 6, 2020 13:30

ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  То баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондаанд. Комиссияҳои интихоботӣ чораҳои ниҳоии омодагиро барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ ва озоду демократӣ баргузор намудани маъракаи сиёсии дарпешистода анҷом дода истодаанд.

Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссия баргузор гардид.

Хабарнигори АМИТ “Ховар” иттилоъ медиҳад, ки дар кори ҷаласа мушоҳидони байналмилалӣ аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил,  Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Дар ҷаласа ахбори раисони ҳавзаҳои интихоботии Шоҳмансур №3, Ваҳдат №5, Бӯстон №33 ва Бохтар №44 оид ба вазъи омодагии онҳо ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 дар назар аст, шунида шуда, ҳамчунин масъалаи тасдиқи номгӯи маводи иттилоотӣ, ки рӯзи овоздиҳӣ дар участкаҳои интихоботӣ боқӣ гузошта мешаванд, баррасӣ карда шуд.

Раисони ҳавзаҳои номбурда иттилоъ доданд, ки корҳои омодагӣ дар асоси қонунгузории интихобот ва Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ оид ба ташкил ва баргузор кардани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, амалӣ шуда истодаанд. Дар участкаҳои интихоботӣ рӯйхати интихобкунандагон омода шуда, ба онҳо дар бораи рӯзи интихобот ва ширкат дар он хабарномаҳо фиристода шуданд. Илова ба ин тавассути алоқаи мобилӣ дар бораи рӯзи интихобот ва иштирок дар он ба интихобкунандагон хабар ирсол карда шуда истодааст.

Дастурҳо ва дигар маводи иттилоотӣ ба миқдори зарурӣ ба ҳама ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ дастрас карда шуда, дар байни аҳолӣ маъракаи васеи тарғиботӣ оид ба моҳияти интихобот ва тартиби иштирок дар он идома дорад. Инчунин баргузории вохӯрии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо бо интихобкунандагони ҳавзаҳои интихоботии номбурда идома дорад.

Бо мақсади риояи чораҳои беҳдоштӣ ҷиҳати пешгирии пандемияи коронавирус, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар кардааст, тадбирҳои зарурӣ дар ҳама участкаҳо андешида шуда, захираи зарурии маводи  ҳимояи шахсӣ ва безараргардонӣ дар ҳамаи ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ мавҷуд мебошад.

Дастури Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили инфрасохтори дастрас барои шахсони имконияташон маҳдуд ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо дар раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гашта, дар ҳама участкаҳои интихоботӣ кабинаи алоҳидаи овоздиҳӣ барои чунин шахсон муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар роҳравҳо пандусҳо насб карда шудаанд.

Маълумоти пешниҳодшуда аз он шаҳодат медиҳад, ки  ҳавзаҳои номбурда ва участкаҳои интихоботии ҳудуди онҳо барои гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидаанд.

Октябрь 6, 2020 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»