Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ дар Рӯшон машқи тактикии амалӣ гузаронид
ХОРУҒ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо фарорасии фасли зимистон эҳтимоли рух додани ҳар гуна офатҳои табиию техногенӣ, ба монанди тармаву сел, сангфароиву сӯхтор афзоиш меёбад. Дар ин иртибот Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор дод, ки бо баргузор кардани машқи тактикӣ сатҳи омодагии идораву муассисаҳои давлатиро барои пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ва техногенӣ қабл аз оғози фасли сармо мавриди санҷиш қарор диҳад.
Муовини сардори Раёсати мазкур Сафарбек Авазов гуфт, ки «97 фоизи минтақаи Бадахшонро кӯҳсорон ташкил медиҳанд ва бештари манзили истиқоматии сокинони вилоят дар кӯҳдоманҳо ҷойгир аст. Бо шурӯи боронгариҳо хатари баста шудани роҳҳо, рух додани ҳар гуна садамаҳои автомобилӣ, ба маҳаллаҳои аҳолинишин ҷорӣ шудани тармаву сангчарх, фаромадани ҳайвоноти дарранда ба деҳот, аз беэҳтиётӣ сар задани сӯхтор дар манзилу ҷои кор зиёдтар мегардад. Бинобар ин Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон омодагии идораву муассисаҳои таълимию тандурустӣ, маъмурию маишӣ, роҳсозию хадамоти оташнишонӣ, ниҳодҳои интизомию низомии ноҳияро дар бархурд бо офатҳои табиӣ ва техногенӣ бори дигар мавриди санҷиш қарор дод».
Тӯли се рӯзи машқи тактикӣ аён гардид, ки ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, қувва ва воситаҳои хадамот барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ омодагии пурра дида, ҳангоми машқ аз уҳдаи вазифаҳои хеш ба хубӣ баромаданд.
Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба иштирокчиёни фаъоли машқи тактикӣ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, аз онҳо даъват намуд, ки мисли имрӯз минбаъд низ шабу рӯз дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳар гуна офат тайёр бошанд.










ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






