Рустам Назарзода бо роҳбарони Намояндагии Байналмилалии Салиби Сурх ва ваколатдори Салиби Сурх дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Октябрь 23, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 23.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбари нави Намояндагии Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Анжелика Шопп ва роҳбари ваколатдори Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Клаудия Аззолини мулоқот кард.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омӯзиши кормандони воҳидҳои наҷоти Кумита ва ҳамкории минтақавиро баррасӣ карданд. Инчунин онҳо нақшаҳои амалиёти муштарак оид ба огоҳкунии барвақтии аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва иҷрои санадҳои муштараки имзошударо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Рустам Назарзода ба хонум Анжелика Шопп дар бораи фаъолияти Кумита ва сохторҳои таркибии он иттилоъ дода, барои ҳамкории дуҷониба бо Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамчунин номбурда  ба Салиби Сурхи байналмилалӣ барои ҳамкорӣ дар пешгирӣ аз густариши коронавирус дар қаламрави Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

Клаудия Аззолини ба роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода барои кори пурсамар ва ҳамкории самарабахш дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ изҳори миннатдорӣ  намуда, ба корҳои ояндаи идораи наҷоти мамлакат комёбиҳо орзу кард.

Анжелика Шопп зикр намуд, ки дар Тоҷикистон чорабиниҳои муҳим дар соҳаҳои идоракунии хатари офатҳои табиӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибатҳои онҳо роҳандозӣ мешаванд.

Октябрь 23, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид