Сафири нави Франсия дар Тоҷикистон ба Душанбе омад

Октябрь 16, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 16.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Франсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран нусхаи эътимодномаи худро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Франсия дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Франсия 7-12 ноябри 2019 баррасӣ шуда, аҳамияти баргузории чорабиниҳои муштараки банақшагирифташуда пас аз ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ дар ҷаҳон таъкид гардид.

Муовини Вазири корҳои хориҷӣ Сафири нави Франсияро ба муносибати ба вазифаи нави дипломатӣ таъйин гардиданаш табрик ва ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

АКС аз ВКХ ҶТ

 

Октябрь 16, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд