Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо иҷрокунандаи вазифаи мудири кулли Хабаргузории Кувайт KUNA Муҳаммад Ал-Манноъӣ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории иттилоотию расонаӣ ва нақши расонаҳо дар бозтоби раванди густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуданд.
Дар ин замина, ҷонибҳо бар аҳаммияти татбиқи амалии муқаррароти Созишномаи ҳамкорӣ, ки 3 ноябри 2024 дар чаҳорчӯби сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Кувайт байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Хабаргузории Кувайт KUNA ба имзо расида буд, таъкид карданд.
Дар анҷоми мулоқот омодагии тарафайн ба густариши бештари ҳамкорӣ байни бунгоҳҳои хабарии ду мамлакат, табодули маводди хабарӣ, баҳрабардорӣ аз таҷрибаи ҳамдигар ва бозтоби пайвастаи рӯйдодҳои муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт изҳор гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт









Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






