Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 8, 2020 08:51

ДУШАНБЕ, 08.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидматро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконоти таълим дар он шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои навсозӣ дар иншооти мазкур соли 2018 оғоз гардида, муассиса дар доираи талаботи ҷории таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Литсейи мазкур аз ҷониби оилаи Зокировҳо дар доираи тадбири Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардида, дар он ҷавонон аз рӯйи хизматрасониҳои гуногуни бахши сайёҳӣ ва туризм соҳиби ихтисос мешаванд.

Зимни боздид таъкид гардид, ки дар маҷмӯъ дар Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат аз рӯйи 8 ихтисос таълим роҳандозӣ шуда, муассиса имкон дорад, ки 500 нафарро ба омӯзиш фаро гирад.

Муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дорои 23 синфхона буда, 3 озмоишгоҳи муҷаҳҳази дигар низ дар дохили он ташкил шудааст.

Дар озмоишгоҳҳои замонавӣ таълимгирандагон нозукиҳои хизматрасониву оростани дастархон, тарзи омода кардани шириниву дигар анвои хӯрданиро аз бар намуда, барои таҳсилгирандагони системаи компютерӣ ва интернет-технология синфхонаи алоҳида, ки бо компютерҳои ҳозиразамону дигар ҷиҳози зарурӣ таъмин мебошанд, ташкил гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат, дар литсей шаҳрвандон аз рӯйи ихтисосҳои ошпаз, ошпаз — қаннод, роҳбалад, туроператор — турагент, системаи компютерӣ ва интернет-технология, ҳисобдор бо донистани компютер ва дӯзандагӣ ба касбомӯзӣ фаро гирифта  мешаванд.

Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи соҳибкасб намудани духтарону занони хонашину бешуғл зоҳир гардида, дар ин замина дар муассисаи нав курсҳои кӯтоҳмуддати думоҳа ташкил шудаанд.

Феълан аз ҳисоби нафарони бешуғл панҷ гурӯҳ барои таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил гардидааст.

Аснои боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи сифати таҳсил ва сатҳи донишу маҳорати тахассусии донишҷӯён ҷалб намуда, барои андешидани тадбирҳои зарурӣ дар ин самт ба омӯзгорон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Барои омӯзонидани нозукиҳои касбӣ ба таълимгирандагон 25 нафар омӯзгори ботаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.

Иншооти нав дорои китобхона ва маҷлисгоҳ буда, фонди китобхонаи он аз 2300 нусха адабиёти гуногун иборат мебошад.

Муҳлати таҳсил дар Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар заминаи маълумоти миёнаи асосӣ 2 сол ва дар заминаи маълумоти миёнаи пурра 1 солро ташкил дода, ҷараёни таълиму тарбия дар он мутобиқ ба стандартҳои муосири таҳсилот роҳандозӣ гардидааст.

Дар марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар литсейи мазкур хобгоҳ бо 350 кати хоб, майдончаи варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, тенниси рӯйи миз, ошхона ва боғ дар назар дошта шудааст, ки то соли таҳсили 2022-2023 мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар шаҳри Ваҳдат дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ин иқдом имкон медиҳад, ки минбаъд мутахассисони касбӣ барои расонидани хизмати босифат ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар тарабхонаву меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳиву муаррифии имконоти ҷаҳонгардии Тоҷикистон омода карда шаванд.

Президенти мамлакат ҳангоми боздид ва суҳбат ба касбомӯзон маслиҳат доданд, ки имконоти фароҳамшударо самаранок истифода бурда, нозукиҳои касби интихобкардаашонро ҳамаҷониба аз худ намоянд, то дар оянда тавонанд ҳамчун мутахассиси кордон фаъолияти худро роҳандозӣ карда, дар кору пайкори хеш муваффақ гарданд.

Ифтитоҳи Литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат 08.10.2020

Октябрь 8, 2020 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Барқияи изҳори тасаллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии ҶДММ «Суғд-саноат-паранда»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Парандапарвар-2017»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи нави ҶДММ «Текстилимпекс»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳриро дар Хуҷанд мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони «Меҳросо» — ро ифтитоҳ намуданд
Барқияи изҳори тасаллӣ аз Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамен Қасри «Сомониён»-ро ифтитоҳ ва ба 100 ятими кулл туҳфаҳо тақдим намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов боздид карданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи парандапарварии ҶДММ «Файзи саҳар»-и ноҳияи Спитамен шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон Фермаи парандапарварии ҶДММ «Мурғи Шаҳристон»-ро ифтитоҳ намуданд

Маводҳои таҳлилӣ