Шаҳрванди Тоҷикистон аз номи Президенти Россия Владимир Путин шаҳодатнома ва медал гирифт

Октябрь 2, 2020 10:12

ДУШАНБЕ, 02.10.2020 /НИАТ «Ховар»/. Ҳамватани мо, донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Волгоград Азизхон Мавлоназаров аз номи Президенти Россия Владимир Путин барои фаъолияти волонтёрӣ дар давраи уфунати коронавирус бо диплом ва медали «Мо якҷоем» мукофотонида шуд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» роҳбари «Клуби ҷавонони донишҷӯи тоҷик дар хориҷа» дар минтақаи Пензаи Федератсияи Россия Муҳаммадсанҷар Раҳимов.

Ба гуфтаи ӯ, дар давраи паҳншавии шадиди коронавирус, замоне ки аксар одамон, аз ҷумла пиронсолон ва маъюбон, дар хонаҳои худ карантин буданд, вай ба онҳо кумак мерасонид. «Фаъолияти волонтёрон ҳангоми уфунати коронавирус дар Федератсияи Россия ба дастгирии шахсони имкони гаштугузор надошта ва кормандони тиб равона шуда буд», — зикр намуд манбаъ.

Азизхон Мавлоназаров дар байни 83 ҳазор волонтёрон, ки дар тамоми минтақаҳои Россия дар кори расонидани доруворӣ  ва маҳсулоти ғизоӣ, инчунин корҳои  дигар кумак мекарданд, сазовори мукофот гардид.

Якҷоя бо Азизхон инчунин 4 донишҷӯи ин муассисаи таҳсилоти олӣ, ки дар маркази “Прорыв” -и Донишгоҳи давлатии Волгоград машғули фаъолияти волонтёрӣ буданд, мукофотонида шуданд.

Рӯйхати ҷавонони сазовори мукофотшуда аз тарафи Агентии Федералии кор бо ҷавонони Россия тасдиқ шуда буд.

Октябрь 2, 2020 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад