«ШАКАРСЕБ». Доир ба ин навъи себ филми ҳуҷҷатии «Нахли нодир» рӯи навор омад

Октябрь 26, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 26.10.2020 /АМИТ «Ховар»/.  24 октябри соли 2020 дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши филми ҳуҷҷатии «Нахли нодир» бо иштироки олимон, деҳқонон ва мутахассисони соҳа баргузор гардид. 

Дар филми ҳуҷҷатии «Нахли нодир»   Ташкилоти ҷамъиятии «Сайёраи сабз» натиҷаҳои дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва Замин», Фонди Кристенсен ба даст овардаро рӯи навор овардааст.

Аз оғози филм маълум гардид, ки ҳоло ҳам дар аксари минтақаҳои кӯҳистони Ҷумҳурии Тоҷикистон навъҳои бобоии дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себ, чормағз, тут,  зардолу, нок, ангур ва ғайраҳо то ба имрӯз аз тарафи деҳқонон парвариш ёфта, онҳо ҳамчун захираҳои нодири генетикии ватанӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Дар филм дар бораи як навъи маҳаллии себи ватанӣ, ки дар деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг, дар мавзеи кӯҳистон, дар баландии бештар аз 2300 аз сатҳи баҳр ҳанӯз  аз қадимулайём мерӯидааст, маълумот манзур гардид. Аҳолии ин минтақаҳои кӯҳистон ҳанӯз солҳои 40-50 –ум асри гузашта ба қисми водии Кӯлоб муҳоҷир карда шудаанд, вале дарахтони боғҳои онҳо дар он ҷо то ҳол ҳосил медиҳанд.

Доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев зикр кард, ки намунаи себи маҳаллии «Шакарсеб» яке аз дастовардҳои селексионерони ватанист, ки тахминан 200 сол пеш дар ин мавзеъ ба даст оварда шуда буд. Ин навъи себ, тавре ки аз номаш низ бармеояд, меваҳои зарди дилкаш дошта, бо лаззат, серобӣ ва тезпазиаш аз дигар намунаҳои себ фарқ менамояд.

«Навъу намунаҳои маҳаллии дарахтони мевадиҳанда ва дигар зироати кишоварзӣ нисбат ба касаливу ҳашарот, номусоидии боду ҳаво, инчунин тағйирёбии иқлим хеле тобовар буда, дар оянда дар корҳои генетикӣ ва селексионӣ метавонанд маводи арзишманд бошанд. Махсусан ҳолатҳои вазнини дар олам рӯйдода моро водор месозанд, ки бештар ба захираҳои генетикии ватанӣ диққат дода, дар заминаи истифодаи оқилонаи онҳо минбаъд корҳои селексионӣ,  тухмипарварии зироати кишоварзӣ ва боғотро ба роҳ монем»,-иброз намуд олими тоҷик Қурбоналӣ Партоев.

Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Сайёраи сабз», олими ҷавон Комилҷон Саидов нақл намуд, ки аз нав эҳё сохтану ҳифз намудани  намунаи себи маҳаллии «Шакарсеб»  дар ҳамкории олимону мутахассисони мамлакат, Вазорати кишоварзӣ, Институти боғпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ, Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Маркази илмии Хатлони назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Шабакаи телевизионии «Сафина», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва ҷамоати Шугнов, инчунин ташкилоти ҷамъиятии маҳаллии «Ёхсу», «Захираҳои генетикӣ» ва «Ганҷи табиат» амалӣ шуд.

Аз намоиши ин филм маълум гардид, ки мақсади асосии ин ташаббус  мусоидат ба эҳё ва нигоҳдории гуногунии биологии навъҳои нодири себҳои маҳаллӣ  ҳамчун ҷузъи генофонди миллӣ тавассути ташкил намудани экспедитсияи илмӣ барои чустуҷӯи себи навъи «Шакарсеб»,  инчунин дигар навъҳои себҳои маҳаллӣ ва омода намудани филми мустанади илмӣ – оммавӣ доир ба боғи Шакарсеб, ки дар масоҳати 0,5 га доман афрохтааст, дар ҳудуди ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг ба шумор меравад.

Ҳайати олимону мутахассисон ҳамроҳи наворбардорони ТВ «Сафина» соли 2020  ба ин минтақаи дури душворгузари мамлакат се маротиба экспедитсияҳои илмию омӯзишӣ ба роҳ монда, филми ҳуҷҷатии «Нахли нодир»-ро ба навор гирифта, пешкаши иштирокчиён гардониданд. Дар раванди ин омӯзишҳо ба олимон муяссар гардид, ки аз ин навъи нодири себ қаламча гирифта, ба дигар навъҳо пайванд намоянд. Инчунин тухмакҳои он низ зери омӯзиш қарор дода шуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш аз тарафи иштирокчиён таклиф шуд, ки минбаъд низ чунин ҷустуҷӯҳои илмӣ дар пайдо намудан ва нигоҳдории навъу намунаҳои маҳаллии зироати кишоварзӣ, дарахтони нодири мевадиҳанда, ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо, сабзавот ва ғайраҳо дар саросари ҷумҳурӣ ҷоннок гардонида шаванд, то захираҳои генетикии маҳаллӣ аз байн нарафта, барои наслҳои оянда нигоҳ дошта шаванд.

Октябрь 26, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад