Шоир ва публисист Алӣ Бобоҷон даргузашт

Октябрь 16, 2020 17:22

ДУШАНБЕ, 16.10.2020/АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз шоир, публисист ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Алӣ Бобоҷон дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд. 

Алӣ Бобоҷон 10 феврали соли 1936 дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1959 Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе )ҳоло Донишгоҳи омӯзгории пойтахт)-ро хатм намуда,  то соли 2000-ум дар нашриёти «Маориф», рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал» ва «Занони Тоҷикистон», нашриёти «Адиб» ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун колр кардааст.

Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони СССР ва Тоҷикистон. То имрӯз 30 китоби шеърҳо ва беш аз 500 очерку мақолаҳои публисистиаш ба нашр расидаанд. Марҳум асосан барои кӯдакону наврасон шеър эҷод менамуд (беш аз 20 китоб). Дар «Хазинаи тиллоӣ»-и Радиои Тоҷикистон наздики 40 суруд бар ашъори Алӣ Бобоҷон маҳфузанд.

                                                                                                АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 16, 2020 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Истаравшан, Норак ва ноҳияҳои Фархор, Носири Хусрав, Ёвон, Мастчоҳ ва Дӯстӣ доир мегарданд
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» ба ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат менамояд
Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар ёдгориҳои Қалъаи Муъминобод, Қалъаи Кӯлоб ва қасри Ҳокими Ҳисор идома доранд
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Бо иштироки олимони бостоншинос филми мустанади «Хутали қадим» таҳия гардид
Дар Тоҷикистон 6 агентии иттилоотӣ, аз ин 1 давлатӣ ва 5 мустақил фаъолият доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Шоҳи қуллаҳо» — филми мустанад дар мавзуи ҳифзи бабри барфӣ сазовори ҷоиза гардид
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бинои беназир дар минтақа — Театри миллии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад
Дар Тоҷикистон «Маҷмааи бостонии Бибихонум» таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон ду барномаи нави соҳаи фарҳанг қабул гардид
Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Рӯзи фарҳанги шаҳрҳои Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид