Шоир ва публисист Алӣ Бобоҷон даргузашт
ДУШАНБЕ, 16.10.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз шоир, публисист ва тарҷумони шинохтаи тоҷик Алӣ Бобоҷон дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар доданд.
Алӣ Бобоҷон 10 феврали соли 1936 дар маҳаллаи Гумбазии шаҳри Конибодом, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1959 Донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе )ҳоло Донишгоҳи омӯзгории пойтахт)-ро хатм намуда, то соли 2000-ум дар нашриёти «Маориф», рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», маҷаллаҳои «Машъал» ва «Занони Тоҷикистон», нашриёти «Адиб» ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун колр кардааст.
Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагон ва Иттифоқи журналистони СССР ва Тоҷикистон. То имрӯз 30 китоби шеърҳо ва беш аз 500 очерку мақолаҳои публисистиаш ба нашр расидаанд. Марҳум асосан барои кӯдакону наврасон шеър эҷод менамуд (беш аз 20 китоб). Дар «Хазинаи тиллоӣ»-и Радиои Тоҷикистон наздики 40 суруд бар ашъори Алӣ Бобоҷон маҳфузанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Таърихи фарҳанги мусиқии тоҷикро аз деворнигораҳои асрҳои VI–VIII метавон мушоҳида кард
Маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Ганҷинаи таърих ва фарҳанги тоҷикон» баргузор мегардад
Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад






