Сокинони деҳаи Баҳористони Кӯлоб бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд

Октябрь 22, 2020 14:06

КӮЛОБ, 22.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалишавии  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» , ки ташаббускори он дар арсаи байналмиллалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар шаҳри Кӯлоб як деҳаи навбунёд, ки зиёда аз 500 нафар аҳолӣ дорад,  бо оби ошомиданӣ таъмин гардид.  

Дар деҳаи навбунёди Баҳористони Ҷамоати деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб бо дастгирӣ ва маблағгузории Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон хатти оби нӯшокӣ кашида шуд.

Барои сохтмони иншооти мазкур аз масофаи 600 метр хатти баландшиддати барқ кашида шуда, трансформатор васл гардид, ки  дар он қоидаҳои беҳдоштию бехатарӣ риоя карда мешаванд. Давоми як моҳ чоҳи амудӣ дар чуқурии 90 метр канда шуда, як адад насоси обкашӣ васл гардид, ки дар як дақиқа 25 куб об мекашонад. Зимни корҳои сохтмонӣ аз техника ва таҷҳизоти Корхонаи воҳиди давлатии манзилию коммуналӣ истифода намуданд.

Дар баробари амалӣ гардидани лоиҳаи давлатӣ дар самти таъмини аҳолии шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» дар чанд деҳаҳои шаҳри Кӯлоб иншооти оби нӯшокӣ бунёд гардида, аҳолӣ бо об таъмин шуд. Ин гуна раванд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.

Октябрь 22, 2020 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад