Сокинони вилояти Хатлон овоздиҳӣ дар маъракаи муҳими сиёсиро аз субҳи барвақт оғоз намуданд

Октябрь 11, 2020 10:40

ДУШАНБЕ, 11.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони вилояти Хатлон аз субҳи имрӯз, 11 октябр, дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок дошта, ба ҷонибдории номзади арзанда овоз медиҳанд. Дар ин бора аз  шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Субҳи имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар участкаи интихоботии №5-и ҳавзаи интихоботии Бохтар, №44 барои овоздиҳӣ омад.

Дар ин қитъаи овоздиҳӣ 1980 нафар интихобкунанда, аз ҷумла 12 ҷавоне, ки бори аввал овоз медиҳанд ва 12 нафар солмандони аз 70-сола боло ба қайд гирифта шудаанд.

Пас аз раъйдиҳӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо мушоҳидони байналмилалӣ мулоқот намуд. Мушоҳидон ба раванди интихобот баҳои хуб дода, онро шаффофу демократӣ арзёбӣ намуданд.

Раиси вилоят дар ҷамъи хабарнигорон изҳор дошт, ки интихобот падидаи демократӣ, воқеаи муҳими сиёсӣ буда, натиҷаи он рушди минбаъдаи давлатамонро муайян мекунад.

— Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари кафолати ҳуқуқу озодиҳои сиёсии шаҳрвандон ҳамчунин барои баргузории интихоботи демокративу шаффоф асосҳои ҳуқуқӣ муҳайё намуда, иштироки озодонаи мардумро дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлат кафолат медиҳанд, — идома дод Қурбон Ҳакимзода. — Маҳз ҳамин кафолатҳои ҳуқуқӣ яке аз нишонаҳои асосии давлати демократию ҳуқуқбунёд дар самти таъмин намудани ифодаи ихтиёрии иродаи халқ дар вақти баргузории интихобот мебошанд.

Дар шароити давлати ҳуқуқбунёди демократӣ тамоми субъектҳои раванди интихобот бояд муқаррароти қонунҳои амалкунандаи кишварро ба роҳбарӣ гирифта, барои беҳтар фаъолият намудани комиссияҳои интихоботӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ, ба таври шаффофу демократӣ ва озод барпо гардидани интихобот тадбирҳо андешанд ва амалӣ намоянд.

Тибқи мушоҳидаҳо, имрӯз шаҳрвандон аз ҳуқуқи қонунии худ фаъолона истифода намуда, дарк мекунанд, ки аз раъйи онҳо ояндаи давлат, миллат ва ҳар шаҳрванд вобаста аст.

Дар вилояти Хатлон 25 ҳавзаи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии 175 нафар, аз ҷумла 97 нафар занон (55,4%), 1097 участкаи интихоботӣ (нисбат ба интихоботи президентии соли 2013-ум 86 участка зиёдтар) бо фарогирии зиёда аз 9873 нафар аз ҳисоби шахсони таҷрибадор таъсис дода шудааст.

Шумораи интихобкунандагон дар вилоят як миллиону 717 ҳазору 489 нафар мебошад. Раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳавзаҳои интихоботии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 92 хабарнигори сабтиномшуда, қариб 5,5 ҳазор мушоҳидони миллӣ ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ мушоҳида доранд.

Октябрь 11, 2020 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид
БА ҚАДРИ НЕЪМАТИ БЕБАҲО — ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БОЯД РАСИД. Андешаҳои Пешвои миллат дар ин хусус
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУЗУРГТАРИН ВА МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Намунаи олию барҷастаи ҳамкории ду давлат ҳамгироӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб мешавад
ИЛМ ОМӮЗЕД, СОҲИБКАСБУ ЗАБОНДОН ШАВЕД! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати таҷлили Рӯзи дониш
ИСТИҚЛОЛИЯТ ТОҶИКИСТОНРО БО ҶАҲОН ВА ҶАҲОНРО БО ТОҶИКИСТОН ПАЙВАНДИ ҲАМЕШАГӢ БАХШИД. Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин неъмати бебаҳо
ИСТИҚЛОЛИЯТ ОЛИТАРИН ДАРАҶАИ БАХТУ САОДАТИ МИЛЛАТРО ТАЪМИН МЕНАМОЯД. Андешаҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин неъмати бебаҳо