Субҳи имрӯз гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ вориди Тоҷикистон шуданд

Октябрь 7, 2020 10:25

ДУШАНБЕ, 07.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ, ки раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушоҳида мекунанд, тариқи гузаргоҳи марзии «Гулистон»-и шаҳри Исфара вориди Тоҷикистон шуданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар даромадгоҳи шаҳри Исфара меҳмононро муовини Раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода ва раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Ба иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то имрӯз дар Тоҷикистон 258 нафар намояндагони ВАО ва 122 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ,  Россия, Беларус ва якчанд сафоратхонахои муқими Душанбе номнавис (аккредитатсия) шуда, ба қайд гирифтани намояндагони дигар ташкилоти минтақавию байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки 11 октябри соли равон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он 5 номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ  иштирок менамоянд. Барои назорати раванди интихобот нозирони созмону ташкилоти байналмилалӣ даъват шудаанд.

Октябрь 7, 2020 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Сербия Александр Вучич ва Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуен Фу Чонг ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Департаменти давлатии Амрико аз осоиштагии интихоботи Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ кард
ВКХ Россия: интихобот дар Тоҷикистон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шуд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори КМИР дар бораи тасдиқи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон