«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Душанбе 36 нафар довталаб ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд

Октябрь 28, 2020 16:40

ДУШАНБЕ, 28.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз 21 то 25 октябри соли равон дар  Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор шуд, ҷамъбаст гардид. Пас аз ҳунарнамоии довталабон аз ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур ҳакамон 36 нафар ғолибонро дар номинатсияҳои оҳангсозӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ муайян карданд.

Ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва «Диплом»-у «Сипоснома»-ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ — ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» гардиданд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмуни шаҳрӣ қариб 100 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт дар 3 номинатсия — композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ  маҳорат нишон доданд.

Дар маросими супоридани мукофотҳо муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз аҳамияти ин озмуни фарҳангӣ дар таърихи навини мамлакат маълумот дода, иштирокдорон  ва ғолибони озмунро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хосса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрик намуд.

Сипас муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва раиси ҳакамон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Миралӣ Достиев дар вазъияти тантанавӣ ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»-ро бо мукофотҳои кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ намуданд.

Ҷамъомад бо консерти ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» анҷом ёфт.

Дар озмун ҳамчунин  композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, навозандагон, ҳунармандон, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанги пойтахт ва ноҳияҳои он, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сарояндаҳои санъатдӯст ва истеъдодҳои алоҳида иштирок карда, асарҳояшонро дар шакли якка ва гурӯҳӣ пешниҳод карданд.

Ёдовар мешавем, ки даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз 5 то 10 октябр дар шаҳри Хоруғи ВМКБ, аз 12 то 15 октябр дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, аз 16 то 20 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, аз 21 то 25 октябр дар шаҳри Душанбе ва аз 21 то 25 октябр дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (шаҳри Ҳисор) баргузор  гардиданд.

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли дуюм аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор карда мешавад. Ҷиҳати амалӣ кардани озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 140 000 (ду миллиону яксаду чил ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо гардидааст.

Ҳадаф аз баргузории озмун-ин дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон мебошад.

Октябрь 28, 2020 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад