Нашриёти «Адиб» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон намоиш-фурӯши китоб доир намуд

Октябрь 23, 2020 10:39

ДУШАНБЕ, 23.10.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, аз субҳи барвақт  дар саҳни бинои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон  аз ҷониби Нашриёти «Адиб»  намоиш-фурӯши китоб оғоз гардид, ки он ба як маъракаи бошукӯҳи фарҳангӣ табдил ёфт. Таваҷҷуҳи беандозаи устодон ва донишҷӯёни ин даргоҳ  ба китобҳои пешниҳодшуда  бори дигар аз мақоми шоиста доштани китоб дар ҳаёти онҳо дарак медод. Дар  ин намоиш-фурӯш зиёда аз 150 номгӯйи китобҳои  бадеӣ бо теъдоди зиёда аз 5000 ҳазор нусха пешниҳоди дӯстдорони мутолиа гардиданд. Иштиёқмандони мутолиа ҳамчунин имкон  доштанд, ки аз ин намоиш-фурӯш китобҳоро аз осори адибони муосири тоҷик ва  нависандагони ҷаҳонӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дастрас намоянд.  

Тавре  директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар ба хабарнигори  АМИТ «Ховар»  хабар дод,  чун аънана дар ин намоиш — фурӯш низ шоирону нависандагони маъруфти тоҷик, аз ҷумла Муҳаммад  Ғоиб, Камол Насрулло, Абдуғаффор Абдуҷаббор  ва дигарон иштирок намуда,  ба   китобҳои харидаи  иштирокдорон  соядаст  мегузоштанд. Дар ин маъракаи фарҳангӣ донишҷӯёну омӯзгорони донишкадаи мазкур  бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик  суҳбат намуда,  бо  бо онҳо аз наздик шинс мешуданд, ки басо хушҳолкунанда буд.

Мавриди зикр аст, ки нашриёти «Адиб» иқдоми мазкурро  таҳти унвони «Китоб бояд хонд!» ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи марти соли 2019 роҳандозӣ намудааст.

«Муассисаи нашриёти «Адиб» аз аввали соли равон ҳар рӯзи шанбе ярмарка-фурӯши китоб мегузаронд. Дар ин тадбири муҳими фарҳангӣ беш аз 5000 нусха китоб, ки фарогири  асарҳои бадеӣ, адабиёти классикии форсу тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва адабиёти кӯдакона бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва ҳуруфоти ниёгон мебошанд,  ба фурӯш гузошта мешаванд. Агар дар аввал муассисаи мо рӯзҳои шанбе чунин чорабинии фарҳангиро роҳандозӣ менамуд, вақтҳои охир  афзоиши  таваҷҷуҳ ва талаботи зиёди мардум   ба китоб моро водор сохт, ки онро қариб  ҳар рӯз онро доир намоем. Ҳадаф аз баргузории ин ярмарка  ҳарчи бештар ба мардум дастрас намудани китоб аст»,- афзуд директори «Адиб» Давлат Сафар.

Ёдовар мешавем, ки нашриёти «Адиб» баҳри тарғибу ташвиқи китоб миёни қишрҳои ҷомеа   чунин ярмаркаҳоро дар ҳар гӯшаву канори мамлакат низ доир менамояд.

Октябрь 23, 2020 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд