Дар шаҳри Бохтар ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию метод оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон доир гардид

Октябрь 6, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 06.10.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию метод оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар кори ҷаласа иҷрокунандаи сардори Раёсати иҷро дар вилояти Хатлон Ҳасан Назарзода ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷро намудани санадҳои судӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, андоз, ситонидани алимент, кӯчонидан ва маскун намудан дар манзилҳои истиқоматӣ маълумот дода, ба тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла баргузории машварату вохӯриҳо ва таҳияи намоишҳои телевизионӣ таъкид намуд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят Диловаршоҳ Исозода вобаста ба вазъу ҳолати аз мактаб дур мондани хонандагон ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт, инчунин гузаронидани корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи шаҳрванд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориш дод.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, ки дар 8 моҳи имсол беш аз се ҳазор мавриди иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар вобаста ба таълим ва тарбияи ноболиғон ошкор гардидааст, ки ин ҳолат тавишовар буда, миёни волидайни мактаббачаҳо бояд корҳои ташвиқу тарғиб вусъат дода шаванд.

Октябрь 6, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рафти татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040  натиҷагирӣ карда шуд
Дар Душанбе доир ба саҳми шоистаи Абуалӣ ибни Сино дар илми тиб конференсия баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҳамоиш доир гардид
Дар Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ВАТАН. Доир ба он ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
12 АВГУСТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Беш аз 1700 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
Ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Раёсати нашр ва паҳнкунии адабиёт бо забонҳои хориҷии Чин густариш меёбад
Таъсиси маркази касбомӯзӣ ва омӯзиши забонҳои арабӣ ва англисӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ шуд
Истифодаи барномаи «Амина» барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия бе раводид ворид мешаванд, ҳатмӣ мегардад
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон