ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкор Шодибек Раҷабов дар ноҳияи Муъминобод Маркази саломатии замонавӣ бунёд намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон Маркази саломатии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Маркази саломатии мазкур дар деҳаи Деҳбаланди Ҷамоати деҳоти Деҳбаланди ноҳияи Муъминобод аз ҷониби соҳибкор Шодибек Раҷабов бо маблағи 280 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.
Маркази саломатӣ аз ҳуҷраҳои қабули беморон, табиби оилавӣ, ташхиси занон, хатна ва доругузаронӣ иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Муассисаи мазкур аз маркази ноҳияи Муъминобод 7 километр дур буда, дар Ҷамоати деҳоти Деҳбаланд калонтарин муассисаи тиббӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин марказ 12 нафар табибони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, ба сокинони се деҳаи атрофи ҷамоат, ки дорои 605 хоҷагӣ ва 4176 аҳолӣ мебошанд, хизмати тиббӣ мерасонанд.










Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд






