ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони ноҳияи Фархор дар бунёди муассисаҳои таълимӣ саҳм мегузоранд

Ноябрь 28, 2020 10:42

ДУШАНБЕ, 28.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории  соҳибкори маҳаллӣ  Мирзошариф Шарифов  ба масофаи як километр   роҳи муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №52 дар деҳоти Ватани  ноҳияи Фархор  мумфарш карда шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, роҳи мазкур дар ҳолати вайронӣ қарор дошта, рӯзҳои бориши барфу борон  барои хонандагон ва сокинон душворӣ пеш меовард.

Ҳамчунин дар ноҳия бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 барои 1000 ҷойи нишаст ва аз ҷониби соҳибкор Диловар Муҳиддинов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 38 дар деҳоти «Ғайрат» барои 800 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Фархор 30 муассисаи таълимӣ ва даҳҳо синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 14 мактаби замонавӣ бо фарогирии 7 ҳазору 480 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ  ба истифода дода мешаванд.

Ноябрь 28, 2020 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд