Адҳам Маъмурзода бо фаъолияти шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии Истаравшан шинос шуд

Ноябрь 22, 2020 08:52

ДУШАНБЕ, 22.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Иҷрокунандаи раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода бо фаъолияти шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии шаҳр шинос шуда, ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои дахлдор дод.

Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, баъдан Адҳам Маъмурзода аз тозагии атрофи Беморхонаи марказии шаҳр ва сатҳи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони муассисаҳои соҳавӣ огоҳ шуда, бо иштироки роҳбарони Беморхонаи марказӣ, хадамоти кумаки аввалини тиббию санитарӣ, Маркази давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ва мудирони шуъбаҳо ҷаласаи корӣ доир намуд.

Зимни ҷаласа Адҳам Маъмурзода барои фаъолияти самарабахш дар марҳилаи паҳншавии бемории сироятии COVID – 19 аз номи роҳбарони Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба кормандони тандурустии шаҳр изҳори сипос намуд.

“Ҳамзамон ҷиҳати таҳкими фаъолият, бартараф сохтани камбудиҳо ва дар сатҳи зарурӣ омода шудан барои ҳолатҳои пешбининашаванда дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд”,-афзуд манбаъ.

Ноябрь 22, 2020 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад