Ҷамолиддин Абдуллозода дар «Саммити навоварӣ барои саломатӣ» ба таври онлайн иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар «Саммити навоварӣ барои саломатӣ», ки таҳти сарпарастии Раиси Шӯрои мудирони Муассисаи Қатар Шайха Муза бинт Носир зери шиори «Дунёи ягона баҳри сиҳатмандии мо» тариқи онлайн сурат гирифт, иштирок намуд.
Ҷаласа бо суханронии раиси иҷроияи Шӯрои директорони «Саммити навоварӣ барои саломатӣ», профессор Лорд Дарзӣ ва Шайха Муза бинт Носир оғоз гардида, дар идома вобаста ба вазъи саломатии одамон ва хатари мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар минтақаҳои гуногуни олам филми мустанад намоиш дода шуд.
Сипас, дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебреисус низ дар ин саммит сухан карда, нигаронии амиқи худро дар робита ба зуҳур ва паҳншавии бемории COVID-19 иброз намуд. Ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон ва пешгирии бемории мазкур саҳм гузоранд.
Бояд гуфт, ки дар ин саммит беш аз 2 ҳазору 800 нафар намояндагони вазоратҳои тандурустии давлатҳои олам ва намояндагони созмону ташкилоти хусусии соҳавӣ иштирок намуданд.
Саммити мазкур 15 ноябр оғоз гардида, то 19 ноябр идома хоҳад ёфт.








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






