Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Меҳмонон қабл аз оғози ҳамоиш аз намоишгоҳи асарҳои пурғановати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар асарҳои марбут ба кору фаъолияти ин абармарди тоҷик дидан карданд.
Тавре аз Маркази таҳлилӣ-иттилоотии донишгоҳи мазкур ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар ҳамоиши мазкур муовини ректор оид ба корҳои таълим Қудратулло Абдураҳимзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Баъди ботантана садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш оғоз шуда, муовини ректор оид ба таълим Қудратулло Абдураҳимзода, сухан карда, иброз дошт, ки бо назардошти хидматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Пешвои миллат ҳалқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо ин санаи фархундаро бо эҳтиром ба Сарвари давлат ҳамчун Рӯзи Президент бо фараҳу шодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд.
“Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолият тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад”, — афзуд Қудратулло Абдураҳимзода.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Асрор Латифзода зикр намуд, ки дар чунин давраи ҳассос, низоҳои сиёсӣ, харобшавии институтҳои давлатдорӣ замон ва таърих шахсеро барои раҳонидан аз вартаи ҳалокат ва муттаҳидсозии миллат ба майдон овард, ки нияту орзуяш бо дарки худшиносии миллӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи миллат ҳамовоз буд.
“Мардуми шарафманду сулҳпарвари тоҷик ин абармарди таърихро дар интихоботи навбатӣ аз сари нав Сарвари худ пазируфт. Дар ҳақиқат, Ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест, зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватан, пешрафту ободиҳо маҳз бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд”,-илова кард А.Латифзода.
Раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин дар маърӯзаи худ арз дошт, ки дар натиҷаи фаъолияти бисёрсамтаи Пешвои миллат давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти ҳудудии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз шуд, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин гашт, зерсохторҳои зарурии ваҳдати миллӣ барқарор шуд, самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас гашта, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гардид ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.
Инчунин дар идомаи ҳамоиш филми мустанад таҳти унвони “Корномаҳои Пешвои миллат”, ки фарогири ҷанбаҳои фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар анҷом барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар манзури иштирокчиён гардид.








Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг вохӯрӣ намуд
«ШОҲНОМА»-ТУҲФАИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба сокинони шаҳри Гулистон ин асари безавол тақдим мегардад






