Дар Душанбе усулҳои муосири ҷарроҳии кӯдакона ва масъалаҳои табобати интенсивӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳуриии Тоҷикистон Анҷумани 3-юми ҷарроҳон, анестезиологҳо ва эҳёгарони кӯдаконаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Усулҳои муосири ҷарроҳии кӯдакона ва масъалаҳои табобати интенсивӣ: дастовард, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» ба таври фосилавӣ доир гардид. Дар анҷуман муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи вазорат Зоир Набиев ва як гурӯҳ мутахассисони варзидаи соҳа иштирок намуданд.
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода иброз дошт, ки Анҷумани 3-юми ҷарроҳон, анестезиологҳо ва эҳёгарони кӯдаконаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро масъалаҳое, ки дар ин анҷуман муҳокима мешаванд, ба боз ҳам беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифзи саломатии кӯдакон равона карда шудаанд.
«Давоми солҳои охир аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо олимон ва мутахассисони соҳа корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд, ки ба мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхису табобат, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо ва паст кардани сатҳи фавти кӯдакон равона шудаанд. Бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ҷарроҳӣ намудани кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодии дил ба роҳ монда шудааст, ки ҳар сол даҳҳо нафар кӯдакони бемор ҷарроҳӣ карда мешаванд»,- зикр намуд номбурда.
Имрӯзҳо дар фаъолияти табибон усулҳои нави ҷарроҳӣ, ба монанди торакопластика бо усули наса, эзофагопластикаи навзодон, сфинктеропластика дар ҳолати норасоии сӯрохии маъқад, проктопластикаи трансаналӣ, истифодаи усулҳои эндоҷарроҳӣ дар урология ва батнӣ ва ғайра мисол шуда метавонанд, ки ба таври васеъ истифода бурда шуда, аз малакаи баланди касбии мутахассисони соҳа шаҳодат медиҳанд.
Дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба аҳолӣ, алалхусус ба кӯдакон, паст кардани нишондиҳандаҳои беморшавӣ, маъюбӣ ва фавт яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа ба ҳисоб меравад.
Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории судманд зиёда аз 700 нафар мутахассисони соҳаи педиатрия, неонатология ва ҷарроҳии кӯдаконаи мамлакат дар Федератсияи Россия сатҳи дониш ва малакаи касбии худро баланд бардоштаанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






