Дар пойтахт дар партави Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе 2500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонида мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.11.2020/АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ояндаи наздик дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва дигар мавзеъҳои муайянгардидаи шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони Кумита 2500 бех ниҳоли сӯзанбарг шинонад.
Дар партави Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои ба шаҳри сабзу хуррам табдил додани Душанбе бо иштироки бевоситаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар он кормандони дастгоҳи марказӣ ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе фаъолона иштирок намуда, дар оғози мавсими тирамоҳии ниҳолшинонӣ барои боз ҳам ободу зебо гардонидани симои пойтахт саҳм гузоштанд.
Чунин ташаббусҳои наҷибона аз дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ҳамасола баҳри беҳдошту ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологии аҳолӣ бо иштироки доираи васеи шаҳрвандон дар мавсими ниҳолшинонӣ, ки аслан фаслҳои тирамоҳ ва баҳор амалӣ мегардад, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ миллионҳо бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шуда, сарсабзию зебоӣ ва хуррамгардонии мамлакатро таъмин менамояд.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






