Дар Сеул масъалаи таъсиси Дафтари KOTRA дар Душанбе баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Агентии ташвиқи сармоягузорӣ ва тиҷорати Корея (KOTRA) Пюнг-о Квон мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҷалби сармоя, афзун намудани тиҷорати дуҷониба, таъсиси Дафтари KOTRA дар Душанбе, инчунин роҳҳои таҳким ва рушди ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар табодули афкор намуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон даъват гардид, то ҳузури доираҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратии кореӣ дар кишвар фаъолтар гардида, ба манзури таҳкими робитаҳои корӣ ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат ва минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон санадҳои ҳамкории зарурӣ ба имзо расонида шаванд.
АКС аз ВКХ ҶТ
МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:
KOTRA ташкилоти давлатии ғайритиҷоратиест, ки аз ҷониби ҳукумати Корея 21 июни соли 1962 таъсис ёфтааст. Ҳадафи он рушди тиҷорат байни Корея ва дигар кишварҳо мебошад. Зиёда аз 58 сол, KOTRA ба ширкатҳои манфиатдори тамоми ҷаҳон кумак мекунад, ки муносибатҳои тиҷоратиро бо Ҷумҳурии Корея рушд диҳанд.
KOTRA барои самаранок иҷро кардани вазифаҳои худ шабакаи васеи намояндагиҳои хориҷӣ таъсис додааст. Дар айни замон дар 84 давлати ҷаҳон 127 намояндагӣ дорад.
Имрӯз KOTRA фаъолияти худро на танҳо дар соҳаи савдои байналмилалӣ, балки дар соҳаи сармоягузорӣ низ ба роҳ мондааст.








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






