Дар шаҳраки Шӯроби Исфара ба маблағи 13 миллион сомонӣ нуқтаи оби нӯшокӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 29.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара аз дарёи Исфара тавассути қубурҳои баландфишор бо дарозии 11,2 километр ба маблағи 13 миллион сомонӣ барои сокинон оби нӯшокӣ интиқол дода мешавад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара иттилоъ доданд.
Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз раванди корҳои сохтмонии хати оби нӯшокии шаҳраки Шӯроб дидан намуда, гуфт, ки дар асоси супориши бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилии норасоии оби нӯшокии сокинони шаҳрак ҳал гардида, беморхона, мактаб ва кӯдакистони Шӯроб таъмиру навсозӣ карда мешаванд.
Сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби мутахассисони ҶДММ «Наврӯз 2003»-и шаҳри Душанбе, ки масъулияти бунёди ин иншооти ҳаётан муҳимро ба зимма доранд, ҷараён дорад. Айни замон корҳои васлкунӣ ҷараён дошта, сохтмончиён ба дарозии 1 километри дигар қубури баландфишори обгузарро васл менамоянд. Ҳамчунин бо ғунҷоиши умумии 5 ҳазор метри мукааб ду ҳавз сохта шуда, бо мақсади таъмини техникии иншоот дар масофаи 12 км хати барқ кашида шудааст.
Раиси шаҳри Исфара зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншоот ба масъулини бахши шаҳрдорӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо ташкилоти сохтмонӣ ва мусоидатнамоӣ баҳри сари вақт ва босифат бунёд намудани иншооти обрасон дастурҳои мушаххас дод.
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳрак беш аз 3000 нафар сокинон зиндагӣ менамоянд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






