ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ ОҚИБАТҲОИ ПАНДЕМИЯ. Сарварони кишварҳои СҲШ Эъломияи Москва ва Нақшаи мубориза бо коронавирусро тасдиқ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарварони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ҷамъбасти натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки дирӯз, 10 ноябр дар шакли онлайн баргузор гардид, 16 санад, аз ҷумла Эъломияи Москва ва Нақшаи мубориза бо коронавирусро тасвиб карданд. Дар конфронс, аз ҷумла, иқдом дар самти муқовимат бо пандемия ва нарм намудани таъсири он нисбат ба иқтисоди кишварҳо муҳокима шуданд. Илова бар ин, сарварони кишварҳои СҲШ ба мувофиқа расиданд, ки Нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2021–2025 тасдиқ кунанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, дар ҷараёни вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд, ки дар пасманзари пандемияи коронавирус, мо (кишварҳои узви СҲШ — шарҳи АМИТ «Ховар») имрӯз бо мушкилоти нави иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешавем. Ба иқтисоди миллии кишварҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон зарари ҷиддӣ расонида мешавад. Пандемия ба раванди рушди иқтисоди ҷаҳонӣ тасҳеҳоти муайян ворид намуд. Вай омили афзоиши якбораи бекорӣ, монеи воридшавии сармоягузорӣ ва рушди тиҷорат гардид. Баъзе кишварҳо метавонанд бо таҳдидҳои амнияти ғизоӣ рӯ ба рӯ шаванд.
«Тибқи арзёбиҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба иқтисоди ҷаҳонӣ хусусияти дарозмуддат дорад», — зикр намуд Сарвари Тоҷикистон. Ба андешаи ӯ, ин чолишҳо муҳимияти андешидани тадбирҳои заруриро ҷиҳати вокуниши муносиби муштарак ба онҳо тақозо мекунанд. Дар ин замина, тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ дар фазои СҲШ бениҳоят муҳим аст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати СҲШ ҳашт кишвар — Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Чин шомил мебошанд. Чор кишвари дигар (Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон) мақоми нозир доранд.
АКС: скриншот








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба рушди устувор иштирок намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо — сарвазирони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок намуд
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад






