ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Соли 1959 ягона телевизиони кишвар ҳамагӣ 54 нафар корманд дошт, ҳоло танҳо дар шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» беш аз 200 нафар мутахассисон ба фаъолият машғуланд

Ноябрь 21, 2020 09:31

ДУШАНБЕ, 21.11.2020 /АМИТ «Ховар»/.  3 октябри соли 1959 бори аввал Студияи телевизиони Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуда буд, ки ин рӯйдоди муҳими  фарҳангӣ дар ҳаёти мамлакат буд.   Агар дар он замон як телевизион фаъолият мекард, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат теъдоди телевизионҳои нав ба маротиб меафзояд. Дар ҷумҳурӣ телевизионҳои давлатӣ ва хусусӣ ба самтҳои алоҳида нигаронида шудаанд. Шабакаҳои телевизионӣ, ба монанди шабакаи телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон» ва чандеи дигар  дар инъикоси давтовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, муаррифии мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, сулҳу ваҳдат, арзишҳои миллӣ ва маънавиёти ҷомеа саҳми назаррас доранд. Ин ҳама самараи дастгирии давлату Ҳукумат буда, ба телевизиону радио таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад ва ин соҳа рӯз то рӯз рушд мекунад.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз Рӯзи  умумиҷаҳонии телевизион (World Television Day) таҷлил мегардад. Рӯзи мазкур бо ташаббуси Ассамблеяи генералии СММ шурӯъ аз соли 1997 ҳамасола 21 ноябр ҷашн гирифта мешавад. СММ ин рӯзро бо дарназардошти таъсири афзояндаи телевизион ба равандҳои қабули қарорҳо, ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба низоъҳо ва таҳдидҳо ба сулҳу амният ва нақши эҳтимолии он дар тамаркузи диққат ба дигар масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҷлил менамояд. Телевизион ҳамчун воситаи муҳими таъсиррасонӣ — ҳадаф, роҳнамоӣ ва назорати афкори ҷамъият эътироф шудааст. Инсоният имрӯз зиндагиро бе мавҷудият телевизион – «оинаи ҷаҳоннамо» тасаввур карда наметавонад.

Муовини якуми директори телевизиони «Тоҷикистон» Амрохон Тоҷов дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки  соли 1959  телевизиони кишвар ҳамагӣ   54 нафар корманд дошт,  ҳоло дар шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон бештар аз 200 нафар  мутахассисон кор мекунанд, ки онҳо  кормандони эҷодию техникӣ мебошанд.

«Бо мурури замон ва гузашти вақт   идораи «Ахбор»-и телевизиони «Тоҷикистон» ба яке аз идораҳои муқтадир табдил ёфтааст. Агар дар аввали таъсиси телевизион барномаи иттилоотӣ  ҳамагӣ дар ҳаҷми 3 дақиқа пахш мешуд, имрӯз аз тамоми шаҳру ноҳияҳо маводу гузоришҳо таҳия мешаванд ва ҳаҷми барномаҳои мо тақрибан то як соат тӯл мекашад.

Намоишҳои аввалини Телевизиони Тоҷикистон  қариб якуним соат ва баъдан то 8 соат  давом мекарданд. Имрӯз бо талошҳои муассири Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири пур кардани фазои иттилоотии мамлакат намоишҳои мо марҳила ба марҳила то 24 соат, яъне шабонарӯзӣ пахш карда мешаванд. Ин раванд нисбат ба солҳои гузашта фарқияти калон дорад»,- мегӯяд А.Тоҷов.

Бояд зикр кард, ки дар телевизиони «Тоҷикистон» 7 идора ва 8 шуъба мавҷуд буда, барномаҳои иттилоотии он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ таҳия ва пахш мешаванд. Дар натиҷаи тараққиёти техникии иттилоотиву коммуникатсионӣ ва талаботи замон  телевизиони «Тоҷикистон» пурра бо таҷҳизоти техникии муосир иваз карда шуда, ба пахши дақиқияташ баланди HD гузаштааст.

Мавсуф афзуд, ки «телевизион аз дигар ВАО фарқ мекунад. Масалан, дар матбуот воқеот, далелу рақам ва таҳлили мавзӯъҳо рӯи коғаз дарҷ мегарданд ва хонанда онҳоро интихобан мехонад. Одамони маълумотнок дар ин маврид ба назар гирифта мешаванд, яъне ба онҳое, ки хонда метавонанд, таъсиррасонӣ тавассути суратҳо хос аст.

Дар телевизион воқеаҳои муҳим баъди чанд лаҳза ё худи ҳамон рӯз пешкаши тамошобинон мегарданд. Телевизион ҳам ба узвҳои шунавоӣ таъсир мерасонад ва ҳам ба биноӣ, яъне дарки эҳсосоти якҷоя дида мешавад».

Зикр гардид, ки дар таҳияи барномаҳои телевизионӣ намояндагони касбу кори гуногун — зиёда  аз 40 нафар иштирок менамоянд, аз ҷумла сармуҳаррир, муҳаррири калон, муҳаррир, наворбардор, коргардон, равшанидиҳанда  ва ғайраҳо.

Имсол дар телевизиони «Тоҷикистон» якчанд барномаҳои нав, амсоли «Андарзи ниёгон», «Камоли илм», «Сиришт», «Навиди иқтисодӣ», «Сайқал», «Насли истиқлол», «Тафсир», «Минбари халқ»  ва «Инсон ва қонун» рӯи навор омаданд.

Ҳамчунин дар нақша аст, ки аввали соли 2021 барномаҳои «Тамошогаҳи роз», «Базми ханда»  ва «Ганҷи маърифат» пешниҳоди бинандагон гардонида шаванд.

Умед аст, ки роҳбарон ва ҳайати эҷодиву техникии телевизиони «Тоҷикистон» дар оянда низ рисолати бардӯшдоштаашонро сарбаландона иҷро намуда, чун имрӯз фазои иттилоотии мамлакатро дар баробари дигар ВАО бо барномаҳои ватандӯстонаю ҳувиятсоз пурра месозанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 21, 2020 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Конфронси 16-уми илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯён баргузор гардид
«Сӣ баҳори истиқлол», «Бузургӣ андар табораш буд… Чашмандозе ба эҷоди оламгири шоири маҳбуб Мирзо Турсунзода»,-шарҳи матбуот
Имрӯз «Диктанти Ғалаба» дар Тоҷикистон ва 79 кишвари дигари ҷаҳон баргузор мешавад
Дар назар аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор шаванд
Дар шаҳри Турсунзода ба ҳар хонавода китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров тақдим мегардад
Дар доираи баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» намоиш-фурӯши сӯзанӣ ва гулдӯзӣ доир мешавад
Доир ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити рушди инноватсионӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир шуд
«ДУРАХШИ СОЛ»! Манижа сазовори ҷоизаи Вest Style Awards гардид
Дар озмуни имсолаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ВМКБ 100 нафар ширкат мекунанд
«Мирзо Турсунзода — вассофи сулҳу дӯстӣ». Таҳти чунин унвон бахшида ба 110-солагии шоир дар шаҳри Турсунзода конфронси илмӣ-адабӣ баргузор шуд
Бори нахуст дар Тоҷикистон дастаҳои овозадори Россия «Туретский хор» ва «SOPRANO» ҳунарнамоӣ мекунанд
Ғолибони озмуни Ассамблеяи байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои калон «Шаҳр дар оинаи ВАО-2020» бо дипломҳо сарфароз шуданд

Маводҳои таҳлилӣ