Имсол дар Тоҷикистон 19,5 сентнер зиёд картошка ҷамъоварӣ гардидааст

Ноябрь 22, 2020 09:55

ДУШАНБЕ, 22.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  имсол дар мамлакат  ҳосили умумии  картошка 643 260  тоннаро  ташкил медиҳад, ки аз ҳар гектар  217,6  сентнерӣ буда, нисбат ба ҳамин  давраи соли гузашта  19,5 сентнер зиёд мебошад.

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар асоси маълумоти манбаъ, ҳосили аз майдони  33027  гектар  ба даст омада 29 558  тоннаро ташкил медиҳад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, имсол дар ВМКБ аз майдони  1304  гектар 1227  тонна, вилояти Суғд аз майдони 15631 гектар   14598 тонна,  вилояти   Хатлон   аз   майдони 4443  гектар  3288  тонна  ва  дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ аз майдони  11649  гектар  10445  тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст.

Ноябрь 22, 2020 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад