Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти СААД иштирок намуд

Ноябрь 17, 2020 16:05

ДУШАНБЕ, 17.11.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) – Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон тариқи видеоконфронс баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои таъмини амният дар ҳудуди масъулияти Созмон, ҷараёни ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СААД дар таъмини амнияти тиббӣ-биологӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ, ҷалби шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои ифротгаро, андешидани тадбирҳои пешгирии ин тамоюл мавриди таҳлилу баррасии иштирокчиёни ҷаласа қарор гирифтанд.

Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба паҳн гаштани бемории сироятии КОВИД-19 ибрози ақида намуда, барои пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳолати ҷойдошта фаъолияти дастаҷамъона ва мубодилаи таҷрибаи якдигарро зарур шумориданд. Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони хурӯҷи ин бемории сироятӣ ҳамкории судманд бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба роҳ монда, дар самти пешгирӣ ва муолиҷаи беморон тадбирҳои таъхирнопазир андешид.

Зимни баргузории ҷаласа таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамгироӣ бо кишварҳои СААД ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мароқ зоҳир карда, дар ин самт дар доираи сиёсати дарҳои боз пайваста тадбирҳои мушаххас амалӣ месозад.

Дар ҷаласа изҳороти котибони шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД «Дар бораи таҳкими ҳамкорӣ ва тақвияти ҳамоҳангсозӣ бо мақсади мубориза бо терроризми байналмилалӣ, паҳн кардани ғояҳои террористӣ ва экстремистии ба он алоқаманд» қабул гардид.

Ҳамчунин дар анҷоми ҷаласа якчанд санадҳои дорои аҳамияти муҳим қабул гардиданд ва раисии созмон аз Россия ба Тоҷикистон гузашт. Аз ин рӯ бо пешниҳоди Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД нимаи аввали соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.

АКСҲО аз сомонаи СААД

Ноябрь 17, 2020 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд