Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Украина Василий Серватюк мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк бо хоҳиши ӯ мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Маҳмадтоир Зокирзода дар суҳбат бо Сафири Украина роҷеъ ба фаъолияти Парлумони касбии мамлакат маълумоти муфассал дод. Мавсуф аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳамкории дуҷонибаи давлатҳои мо дар доираи принсипҳои боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва равобити расмӣ асос ёфтаанд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Украина баррасӣ шуд.
Аз суръати рушди ҳамкории дуҷониба дар баъзе соҳаҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Украина ҳанӯз хеле зиёданд.
Дар ин мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Украинаро санадҳои зиёде ташкил медиҳанд, ки самтҳои мухталифи ҳамкории ду давлатро фаро мегиранд.








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






