«Мактаби сиёсии Пешвои миллат – чароғи роҳи пешрафт»,-бардошт аз ҳамоиш ба шарафи Рӯзи Президент
ДУШАНБЕ, 13.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Мактаби сиёсии Пешвои миллат — чароғи роҳи пешрафт» бо иштироки меҳмонону кормандон ҳамоиш доир гардид. Дар он меҳмонон доир ба Иҷлосияи таърихиву тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ, корнамоиҳо ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат дар роҳи пурпечутоби расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуданд.
Зикр шуд, ки тибқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки аз 14 майи соли 2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистон 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар саросари мамлакат ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту суҳбатҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва барномаҳои идона доир мешаванд.
Муовини якуми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода зимни ҳамоиш иброз намуд, ки «дар марҳалаи басо мушкили давлатсозии мо, тоҷикон, ки ба айёми ҷанги шаҳрвандӣ рост омада буд, касе зимоми давалатдориро ба даст гирифтан намехост. Дар ин миён муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азми қавӣ ва ҳисси баланди ватандӯстию ватанхоҳӣ нидои сулҳу дӯстӣ сар дода, миллатро ба ваҳдату ягонагӣ даъват намуданд. Маҳз суханони аввалини он кас аз боби ваҳдату ягонагӣ, якпорчагии давлат, рушди гуногуни соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи ҳар фарди сокини Тоҷикистон буданд».
Иштирокдорони ҳамоиш аз кору пайкори ин абармарди қавиирода, сулҳпарвару сулҳхоҳ, ватандӯсту ватанхоҳ ёдрас шуданд.
Роҳбари дастгоҳи марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонов дар бораи саҳми беандозаи Пешвои миллат дар таъсиси ҲХДТ ва муовини директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилоот Абдуфаттоҳ Аминов дар мавзӯи «Пешвои миллат — ташаббускори рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маърӯза намуданд.
Дар ҳамоиш намоиши китоб бо асарҳои тозанашри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва адабиёт дар бораи Президенти мамлакат ба маърази дид гузошта шуд.








Дабири кулли СААД дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид






