Миёни Тоҷикистон ва Покистон ҳамкорӣ дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромиллӣ тақвият меёбад

Ноябрь 26, 2020 08:27

ДУШАНБЕ, 26.11.2020 /АМИТ  «Ховар»/. 25 ноябр  Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо аъзои ҳайати расмии Кумитаи сардорони ситодҳои муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Раиси Кумитаи мазкур, генерал Надим Раза, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, вохӯрӣ доир намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амният, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ – терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои ҳамкории самаранок иброз дошта, самтҳои асосии ҳамкории судманди тарафайнро мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Ноябрь 26, 2020 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд