Нақши Пешвои миллат дар баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа назаррас аст. Имрӯз-Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон

Ноябрь 25, 2020 08:21

ДУШАНБЕ, 25.11.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17  декабри соли 1999 Ассамблеяи  генералии СММ  бо қарори худ 25 ноябрро Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба  занон эълон намуд, ки ин рӯз ҳамасола дар Тоҷикистон низ таҷлил мегардад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ ҚУРБОНЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» София ШОИК иброз намуд, ки мақсад аз таҷлили ин рӯз-  ҷалб намудани  таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ба ин  масъалаи муҳим ва ҳамчунин нишон додани нақши назарраси занон дар ҳаёти имрӯза мебошад.

Мавсуф афзуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафту илмомӯзии занон, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, мубориза бо хушунату зӯроварӣ дар оилаҳо, баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, рушди соҳибкории онҳо аҳамияти махсус равона намуда, баҳри такмили қонунгузории соҳа ва рушди  соҳибкории хурду миёнаи занон шароити мусоид фароҳам меоварад. Бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории занон ва рушди ин соҳа бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат грантҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намуди имтиёзҳои иқтисодӣ мавриди амал қарор дода шуда, аз соли 2006 то соли 2014  40 адад лоиҳаҳои занону бонувони ҳунарманд ва соҳибкори мамлакат тавассути гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, аз соли 2014 то инҷониб миқдори грантҳо аз 40 ба 80 адад ва ҳаҷми маблағҳо аз 1 миллион сомонӣ ба 2 миллион сомонӣ боло бурда шуд. Ин дастгирӣ имкон дод, ки занону духтарони деҳот дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла, эҳёи ҳунарҳои миллию мардумӣ, таъсиси коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ, такмили ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, намадбофӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дигар намуди ҳунармандӣ фаъолияти худро бо муваффақият ба роҳ монанд.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, бо дастгириву ғамхориҳои роҳбарони олии мамлакат ва пойдории ваҳдату истиқлоли давлатӣ ба хотири таҳкими пояҳои ахлоқиву маънавии оила ва мақому манзалати зан дар ҷомеа соли 1992 бо Қарори Шӯрои Девони вазирони ҳукумати онвақтаи Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оила таъсис дода шуда, ба шинохти қудрати фитрӣ ва чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат карда шуд. Тӯли солҳои истиқлол таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд, ки ба беҳбудии вазъи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 1998 «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан барои солҳои 1998-2005» тасдиқ гардида, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид, ки сабаби беҳтар гардидани мақому манзалати зан дар ҳаёти ҷомеа гардид. Мавриди тазаккур аст, ки дар заминаи Фармони мазкур якчанд санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки ҷиҳати баробарии воқеии занону мардон дар ҷомеаи имрӯза мусоидат менамоянд.

-Ҳадафи асосии таваҷҷуҳи роҳбарони сиёсии мамлакат ба таҳкими мавқеи иҷтимоии занон фаъолгардонии  қишрест, ки ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гашта, дар замони соҳибистиқлолии давлат тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ сарбаландона иҷро менамоянд,-иброз намуд Ҳ. Қурбонзода.

Номбурда афзуд, ки ба ҳайси вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани 25,8 фоизи занон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23,8 фоиз, вакилони маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе 41,5 фоиз, дар вилоятҳои Хатлон 34,8 фоиз, Суғд 33,3 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 34,4 фоиз ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 29,4 фоиз расидани теъдоди занон шаҳодати гуфтаҳои болост.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 ва барои солҳои  2017-2022 қабул карда шуда, тавассути амалӣ гардидани он теъдоди занон дар соҳаи хизмати давлатӣ ва сатҳи роҳбарикунанда, зинаҳои мухталифи ҳокимият–мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, судҳо, бонкҳо ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ сол аз сол зиёд гардида истодааст.

Дар доираи дастгириҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи Барномаи давлатӣ дар давраи 9 моҳи соли 2020 як нафар зан ба мансаби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ду нафар ба мансаби вазир ва як  нафар ба вазифаи раиси ноҳияи Мурғоб таъйин гардида, дар соҳаи хизмати давлатӣ аз шумораи умумии 18 678 нафар хизматчиёни давлатии амалкунанда 4365 (23,4%) нафарро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии 5687 нафар кадрҳои роҳбарикунанда 1088 (19,1%) нафарро занон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (18,7%) 35 нафар зиёд аст. Дар мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи он 527 (17,2%) нафар, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 314 (21,5%) нафар ва дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 247 нафар ё худ 21,0 фоизро занони роҳбар ташкил медиҳанд. Дар соҳаҳои маориф 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз, дар соҳаи бонкдорӣ 36 фоиз, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ 21,4 фоиз, соҳибкорзанон 23,1 фоизро ташкил дода, дар рушди иқтисоди мамлакат саҳми босазо мегузоранд. Албатта, неруи зеҳнии ин қишри ҷомеа барои пешрафти мамлакат аҳамияти муҳим дошта, татбиқи тадбирҳое, ки аз ҷониби давлату ҳукумат пешбинӣ гардидаанд, ба тақвияти донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи кории занону духтарони лаёқатманд равона карда шудааст.

Татбиқи квотаи президентӣ барои духтарон дар афзоиши шумораи мутахассисони соҳибтаҷрибаву маълумоти олидор аз ҳисоби духтарони ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ ва пешрафти онҳо заминаи воқеӣ гузошт.

Аз соли 1997 то инҷониб 13 772 нафар донишҷӯён аз ҳисоби духтарон тибқи квотаи президентӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Бо мақсади дастгирии духтарон ва таъмини онҳо бо ҷойи зист  дар шаҳри Душанбе бо дастури Пешвои миллат хобгоҳи «Сарвар» барои донишҷӯдухтарони тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда ва ҷиҳати дастгирии ятимдухтарон ва ҷалби онҳо ба муассисаҳои олии касбӣ соли 2006 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» дар назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҳоло дар он 83 нафар духтарони ятим ва нимятим аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ зиндагӣ ва таҳсил доранд.

Муждаи аввалини самараи истиқлол барои бонувон дар самти муносибатҳои байналмилалӣ бо иқдоми бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ин иштироки тоҷикзанон дар кори Конференсияи чоруми умумиҷаҳонии занон буд, ки соли 1995 дар шаҳри Пекин доир гардид. Дар ин давра давлати мо як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар, Эъломияи Пекин ва Барномаи амали он, Конвенсияҳои СММ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон» ва Протоколи иловагии он, «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак», Қатъномаҳои Шӯрои бехатарии СММ оид ба ҳуқукҳои занон ва ғайраро ба тасвиб расонд. Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар ин давра дар самти татбиқи нишондодҳои ин ҳуҷҷатҳои муҳим ба дастовардҳои назаррас дар самти таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар мамлакат ноил шавад. Самараи истиқлол ва талошҳову дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат аст, ки имрӯз зани тоҷик аз минбарҳои баланди созмону мақомоти гуногуни ҷумҳурӣ  ва байналмилалӣ садо баланд карда, аз ҳуқуқҳои хеш дифоъ ва аз музаффарияти худ ифтихор менамояд.

Саъю талошҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат буд, ки Тоҷикистон ба ҳайси узви Комиссияи СММ оид ба мақоми зан пазируфта шуд, ки ин омили эътироф намудани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, боз як қадами ҷиддӣ дар самти татбиқи сиёсати гендерии давлат мебошад.

Имрӯз аз шоҳкориҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳарф мезанем, ки ин ҳама дастовардҳову пешравиҳо аз самараи озодӣ ва истиқлоли сиёсӣ, таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва дастгириҳои бемайлони роҳбарияти олии мамлакат ба даст омадаанд.

Имрӯз занонро зарур аст, ки пайваста донишу малакаи худро такмил диҳанд, шахсияти худро танҳо бо меҳнати ҳалолу ҷаҳду талоши ватандориву ватансозӣ муаррифӣ намоянд. Ба Ватани худ-Тоҷикистон бо меҳнати фидокорона, худшиносии баланди миллӣ, зиракии сиёсии ҳамешагӣ ва самимияту эҳтироми хосса хизмат намоянд.

Ноябрь 25, 2020 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд